22 Май 2026
Баҳри татбиқи нақшаи муштарак, ҷиҳати таҳкими робитаи мустақим бо аҳолӣ ва баррасии мушкилоти рӯзмарра, мулоқоти навбатӣ бо сокинони маҳаллаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд санаи 21 май баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҳизбӣ иштирок намуда, бо сокинон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Аз ҷумла, дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Мунзифа Ҷабборӣ ва имомхатиби масчиди ҷомеаи "Нури ислом" Саидобид Обидов иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ ибрози андеша карданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки рушди маҳалла аз сатҳи ҳамкории сокинон, риояи қонунҳо, тарбияи дурусти фарзандон ва эҳтироми арзишҳои миллӣ вобастагии зич дорад. Ҳамзамон, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, таҳкими нақши зан дар ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот сокинони маҳалла низ фаъолона иштирок намуда, пешниҳод ва дархостҳои худро вобаста ба беҳтар намудани шароити зист, ободонӣ, таъмири роҳҳо, дастгирии иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим баён карданд. Масъулон иброз доштанд, ки ҳамаи муроҷиатҳо дар доираи имкониятҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои ҳалли онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва рушди устувори маҳаллаҳо аҳамияти калон доранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







