22 Май 2026
Дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, инчунин ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ баргузор мешавад.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва довталабони озмун иштирок намуданд. Қайд гардид, ки озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва рушди қобилияти эҷодию ихтироъкории наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам сабқат менамоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







