(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи васеи Шўрои кор бо ҷавонон назди Раиси шаҳр баргузор шуд, ки дар он ҷавонони фаъол, устодони донишгоҳҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда. таъкид дошт, ки дастгирии давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба масъалаи амалӣ намудани иқдомҳои неку созандаи ҷавонон, ҷалби онҳо ба мақоми роҳбарикунанда ва амсоли онҳо таваҷҷуҳи пайваста равона карда мешавад.
Бо мақсади боз ҳам дар сатҳи шоиста ва саривақтӣ баррасӣ ва ҳал кардани масъалаҳои марбут ба ҷавонон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27 майи соли 2016, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид карданд, ки ҳадаф аз таъсиси Шўро мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Вобаста ба ин, ҳамаи моро вазифадор намуданд, ки дар муносибат бо ҷавонон усулҳои боз ҳам муассири ҳамкориро ҷорӣ намоем ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият бахшем.
Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудан ба Шўрои мазкур намунаи баланди эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат изҳори эътимод намуданд, ки чунин Шўроҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо низ таъсис ёфта, роҳбарии он аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад.
Аз ин рў, яке аз ҳадафҳои асосии баргузории мулоқоти имрўзаи мо, пеш аз ҳама, дар истиқбол аз чунин мақсадҳои наҷиби Пешвои миллат дар самти таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон маҳсуб меёбад.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки маҳз сиёсати ҷавонпарваронаи Сарвари давлатамон буд, ки дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд.
Баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон, Барномаи шаҳрии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, Барномаи маҳаллии маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Барномаи маҳаллии рушди футбол ва Барномаи маҳаллии рушди волонтёрӣ ба тасвиб расида, барои амалӣ гардонидани барномаҳои мазкур маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст.
Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».
Ин боварӣ ва эътимоди Сарвари давлатамон аз ҳар як нафар ҷавон дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо намуда, ҳар яки моро дар масъалаи истифодаи самараноки нерўи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандўзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан вазифадор менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва созанда, татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст ва ҳамеша ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ менамояд.
Аз ҷумлаи ин дастгириҳо ҳамасола барои донишҷўёни фаъолу аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳр ҷудо гардидани стипендияҳои Раиси шаҳр мебошад, ки имрўз мову Шумо дар маросими ба 150 нафар наврасону ҷавонон супоридани стипендияи Раиси шаҳр қарор дорем.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2025-2026 – 72 нафар хонандагони муссисаҳои таълимии шаҳр ба дарёфти стипендияи Президентӣ ва 80 нафар донишҷўёну магистрантони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳр ба идрорпулии Раиси вилоят мушарраф гардида, бо ифтихорномаю сипосномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Алҳол дар шаҳр садҳо нафар ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд.
Шоистаи ифтихор аст, ки имрўз зиёда аз 1000 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Федератсияи Россия, Хитой, Малайзия, Олмон, Англия, Қазоқистон ва ғайра таҳсили илм доранд.
Ҳамзамон тибқи маълумоти маркази миллии тестӣ, аз шумораи умумии 2180 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд, бештар аз 400 нафарашон дар мактабҳои олии пойтахти кишварамон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, хосатан роҳбарияти шаҳр аз ин оянда кадрҳои соҳибихтисос умедҳои зиёд дошта, боварии комил дорад, ки ҷавонон баъди соҳибмаълумоту соҳибихтисос гардидан, ба пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки баробари дигар масъалаҳои муҳиму калидӣ ҷиҳати донишманду босавод ва соҳибфарҳангу хештаншинос ба камол расидани насли наврасу ҷавон бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърих” ва “Шоҳномахонӣ” баргузор шуда истодаанд. Баргузории ин озмунҳо воқеан ҳам барои афзун гардондани майлу рағбати наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ, таваҷҷуҳ ба арзишҳои волои миллӣ, дарёфти чеҳраҳои наву ҳунармандони варзида аз ҳисоби наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бо мақсади дастгирии моддию маънавии ғолибони озмунҳо, бо қарорҳои Раиси шаҳр наздик ба 800 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб” 95 ҳазору 670 сомонӣ, Озмуни “Илм фуруғи маърифат” 180 ҳазору 800 сомонӣ, озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 323 ҳазору 730 сомонӣ, “Тоҷикон – оинаи таърих” 150 ҳазору 800 сомонӣ ва “Шоҳномахонӣ” 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, маблағҳои мазкур сол аз сол зиёд гардида истодааст.
Ҳамзамон, тибқи қарори Раиси шаҳр барои хонандагон ва омӯзгорони онҳое, ки дар олимпиадаҳои мамлакатҳои хориҷии дур ба гирифтани медали тилло сазовор мешаванд, маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудаанд.
Раиси шаҳр таъкид дошт, ки имрўз яке аз масъалаҳои муҳими давлату ҳукумат ин байни сокинон, бахусус наслҳои наврасу ҷавон, ривоҷу равнақ додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.
Алҳол дар шаҳр барои рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он ва ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон беш аз 400 иншоотҳои варзишӣ аз ҷумла варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва иншоотҳои барои машғулиятҳои варзишӣ мутобиқгардонида мавриди истифода қарор дорад.
Боиси хушнудист, ки соли ҷорӣ дар доираи таҷлили Наврўзи ҷаҳонӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як маҷмааи калони варзишии “Суғд-Арена” дар соҳили рости шаҳр, кўчаи Сирдарё мавриди истифода қарор дода шуд. Маҷмааи мазкур бо сатҳу сифати бениҳоят баланд сохта шуда, барои машқу тармими 16-намуди варзиш омода карда шудааст.
Инчунин барои рушди футбол дар шаҳр барои сохтмони “Академияи футбол” санги асос гузошта шуда, сохтмони он идома дорад.
Ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмири 90 иншоот дар соҳаи варзиш ба нақша гирифта шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешида шуда, то имрўз зиёда аз 100 иншоот дар соҳаи варзиш сохта ба истифода дода шуданд.
Ҳамаи ин дастгириву ғамхорӣ баҳри рушди соҳаи варзиш имкон фароҳам овард, ки имрўз ҷавонони мо дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи умумиҷаҳонӣ низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд.
Бояд қайд намоям, ки давоми соли 2025 ва панҷ моҳи соли 2026 - 2672 нафар ҷавонони шаҳр дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи маҳаллӣ, байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 892 нафар барои гирифтани медали тилло, 841 нафар барои гирифтани медали нуқра ва 940 нафар барои гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Дастовардҳои варзишгарон гувоҳи он аст, ки ҷавонон ҳамеша дар боло рафтани эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо баробари вазифагузориҳои мушаххас изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кўшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд ва фаъолияташонро бо истифода аз усулҳои муосири кор бо ҷавонон боз ҳам пурзўр намуда, ҷалби нерўи ҷавононро ба равандҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳарчи бештар тақвият бахшанд.
Сипас, дар ҷараёни кори Шӯро ҳисоботи мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода шунида шуд.
Ҷавонони фаъол, аз ҷумла Абдумуталиб Маҳмудзода, муовини директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ва Шукрона Дилшодҷонзода, гирандаи Стипендияи Президентӣ барои таваҷҷуҳи доимӣ ба ҷавонон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба як қатор ҷавонони фаъолу эҷодкор ва парчамбардор сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...