18 Май 2026
Имрӯз дар МТХ «Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ» дар шаҳри Хуҷанд маросими бошукӯҳи истиқболи ғолибони олимпиадаи байналмилалии робототехникии «Robotek Grand Tournament 2026» ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-6 бо иштироки маъмурият, омӯзгорон, волидайн ва хонандагони Литсей баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 12–14 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ бо иштироки зиёда аз 400 даста аз 10 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 20 хонанда ва 10 даста аз Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ иштирок намуда, бо натиҷаҳои назаррас ғолиби озмун ва барандаи Ҷоми «Robotek Grand Tournament – 2026» гардиданд.
Дар вазияти тантанавӣ ғолибони олимпиадаи байналмилалии Robotek Grand Tournament 2026 ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-6 низ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар баробари ин, волидайни хонандагон барои саҳми арзандаашон дар тарбия ва дастгирии фарзандон бо Сипосномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.
Ин дастовардҳо нишонаи заҳмати пайвастаи хонандагон, омӯзгорон ва дастгирии волидайн буда, мояи ифтихори тамоми ҷомеаи омӯзгории Литсей мебошанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







