(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз 11 то 15 май хонандагони Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ дар шаҳри Хуҷанд - дар яке аз бузургтарин сабқати байналмиллалӣ дар риштаи робототехника — ROBOTEK GRAND TOURNAMENT 2026, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ин олимпидаи байналмилалӣ беш аз 400 даста аз 10 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Дастаҳои хонандагони Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ"-и шаҳри Хуҷанд маҳорати баланд нишон дода дар натиҷа
муввафақияти таърихӣ - Ҷоми "Robotek Grand Tournament" - ро ба даст овардаанд.
Ин олимпиадаи байналмилалӣ дар риштаи робототехника бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази илмӣ - амалии ҷумҳуриявии «Дарин», маркази "Остона - Дарин" шаҳрдории шаҳри Остона ва Маркази байналмилалии робототехникаи "РОБОТЕК" ҳамасола ташкил ва баргузор карда мешавад.
Дар ҳайати дастаи хонандагони Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" 20 хонанда ва 10 даста аз рӯи се категория иштирок намуданд.
Ду сол инҷониб бо даъвати расмии Маркази байналмилалии робототехника "Роботек" - и Ҷумҳурии Қазоқистон - ҳамкор ва шарики Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ", хонандагони ин боргоҳи таълимӣ дар ин олимпидаи бузурги сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор намояндагӣ мекунад.
Ин дастовард далели равшани сатҳи баланди омодагии хонандагон, истеъдод, заҳмат ва муҳаббати бузурги онҳо ба илм, технология ва зеҳнӣ сунъӣ мебошад.
Баҳри ба даст овардани дастовард хонандагон пайваста барои ин мусобиқа омодагӣ диданд. Дар муассиса маҳфили доимоамалкунандаи "Робототехника ва барномасозӣ" амалӣ намуда, барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ беш аз 15 роботҳои пешрафтае, ки борои иштирок дар сабқатҳои байналмилалӣ зарур ҳастанд, харидорӣ гардидааст. Ҳамчунин дар пояи муассиса дар асоси қарордоди ҳамкорӣ филиали маркази байналмилалии "Роботек"-и Қазоқистон амал мекунад.
Дастоварди Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи робототехника, муҳандисӣ ва зеҳни сунъӣ нишон дод, ки ҷавонони тоҷик метавонанд дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ин риштаҳо сабқат намоянд ва муҳим аз ҳама пирӯзӣ ба даст оваранд.
Ин дастовардҳои арзанда самараи дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илмҳои дақиқ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ буда, натичаҳои он пирӯзиҳои бузурги хонандагон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Лозим ба таъкид аст, ки ҳамчунин муассиса барои иштироки фаъолона бо лавҳаи ифтихорӣ низ қадршиносӣ гардид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...