17 Май 2026
Субҳи имрўз, санаи 17.05. 2026 дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 26 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногуни маркази маъмурии вилояти Суғд маъракаи васеи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовинони Раиси вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва як қатор идораву ташкилотҳои вилоятиву шаҳрӣ дар ин маъракаи варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода қабл аз оғози Дави миллӣ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ҷисму рўҳи инсон нерўи нав мебахшад. Шуғл варзидан ба варзиш асоси комёбиҳо ва гарави асосии саломатии инсон аст. Мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад.
Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз даромадгоҳи хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, иштирокчиён тариқи ин хиёбон ва ба воситаи кўчаи Султон Умаров, купрўки нав ва хиёбони Раҳмон Набиев то майдони назди Парчами миллӣ миёни ҳам сабқат намуданд.
Дар Дави миллӣ беш аз 25 ҳазор нафар ва дар марафони велосипедронӣ наздик 1000 нафар иштирок намуданд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







