16 Май 2026
Дар Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технология Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён, намояндагони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идона баргузор шуд.
Ректори донишкада Раҳим Назарзода донишҷӯёнро бо Рӯзи ҷавонон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерўи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобанд ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат муайян намудаанд.
Маҳз, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва таваҷҷўҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрўз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ба маротиб беҳтар гардидааст ва ҷавонони мо ҳоло дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузошта истодаанд.
Дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерўгоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон шоиставу арзишманд мебошад.
Гуфта шуд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод пайваста корҳои муайян ба сомон расонида мешавад. Аз ҷумла, сохтмони иншоотҳои иҷтимоиву варзишӣ, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин, ҷудо гардидани грантҳо, татбиқи имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон, таъсиси стипендияи Президентӣ, инчунин, стипендияҳои Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷудо гардидани мукофотпулиҳо барои варзишгарони муваффақ, мукофотонидани хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои сазовор мешаванд, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Дар ҳамоиш намояндагони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мавриди эътибори аввалиндараҷа қарор дорад. Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳо имзо гардида, ҳоло ҳазорон нафар ҷавонони мо аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои кишварамон ҷудошуда дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд. Иштироки фаъолонаи ҳазорҳо нафар ҷавонон дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят моро итминон мебахшад, ки онҳо ҳамчун ватандўсти асил дар ободониву шукуфоии мамлакат, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳукумати мамлакат саҳми сазовор мегузоранд.
Ҷавонони моро зарур аст, ки бо азхуд намудани дастовардҳои технологияи замони муосир дар мубориза бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ муташаккилона ва огоҳона фаъолияти худро вусъат бахшида, такягоҳи воқеии Ватани маҳбуби хеш буданашонро собит намоянд. Зеро ояндаи кишвар аз ҷавонони ватандўсту ватанпарвар вобастагии калон дошта, ҳушёрӣ, зиракӣ ва дониши сиёсии насли ояндасоз имкон медиҳад, ки алайҳи ҳамагуна зуҳурот муборизаи оштинопазир баранд.
Ба як қатор фаъолон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сипосномаҳои раёстаи донишкада тақдим гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







