(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар майдони назди Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд масроми истиқболи ғолибони Чемпионати Осиё миёни навравон, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид ва 4 нафар варзишгарони муваффақи тоҷик миёни муштзанҳои то 17-сола натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода, намояндагони Федератсияи бокси вилоят, хонандагон, омӯзгорон, варзишгарон ва волидайн баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки чанде қабл дар Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба бокс, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, 4 нафар варзишгарони муваффақи тоҷик миёни муштзанҳои то 17-сола натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд:
Беҳрӯз Умаров — вазни 54 кг, ҷойи якум
Анушервон Сидиқов — вазни 46 кг, ҷойи якум
Муҳаммадҷон Сулаймонов — вазни 58 кг, ҷойи сеюм
Азизахон Бобоҷонова — вазни 52 кг, ҷойи сеюм.
Зуфар Исмоилзода муштзанонро бо ин дастоварди назаррас аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Федератсияи бокси вилоят таҳният гуфта, барояшон дар мусобиқаҳои минбаъда барору зафарҳои нав таманно намуданд.
Таъкид шуд, ки ин варзишгарон ифтихори тамоми тоҷикистониён мебошанд, зеро ба шарафи онҳо Парчами Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё паравшон гардид.
Зикр гардид, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат дар суханрониҳояшон варзишгаронро ба сайқал додани маҳорати касбӣ ва иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои байналмилалӣ даъват менамоянд. Варзишгарон дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ ҳамчун намунаи ибрат барои ҷавонон ва рамзи садоқат ба Ватан хизмат менамоянд.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ҳар як пирӯзии варзишгар — пирӯзии миллат ва давлат мебошад. Имрӯз варзиш дар Тоҷикистон ба рамзи сулҳ, ваҳдат ва пешрафти устувор табдил ёфтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...