(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ олимпиадаи фанҳои тахассусӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои тибби таҳсилоти миёнаи касбии ҳудуди кишвар ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур беҳтарин донишҷӯёни ин зинаи таҳсил сарҷамъ омада, дониш, малака ва маърифати зеҳнии худро нишон доданд.

Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ” дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мақоми дуюмро ишғол намуда, бо дипломи дараҷаи 2 сарфароз гардид.
Ҳамчунин Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм гардид. Олимпиада бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба ин муносибат дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд маросими истиқболи расмии ғолибони Олимпиада баргузор шуд.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Нурзода Амирҷон Рузихон ғолибонро бо ин дастовард табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Олимпиада бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он тарбияи кадрҳои баландихтисос, тақвияти шавқи донишҷӯён ба илм, таҳкими заминаҳои зеҳнӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Дипломро дар вазъияти тантанавӣ муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин ва сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ , сиёсати кадрҳо ва илм Шаҳло Ашӯриён супориданд.
Ин дастовард самараи фаъолияти бонизом, пояи мустаҳаками моддию техникӣ ва дар мадди аввал гузоштани сифати таҳсилот дар муассиса маҳсуб меёбад. Ин дастовард масъулияти ҷомеаи меҳнатии муассисаро дар татбиқи ҳадафҳои бунёдии давлат ва Ҳукумати кишвар боз ҳам баланд мебардорад.
Нурзода Амирҷон Рузихон аз номи роҳбарияти муассиса кулли иштирокдорони олимпиада, устодон ва шогирдонро бо ин комёбӣ табрику муборакбод намуда, орзуи он намуд, ки бигзор ҳамвора илм дар амалия дар ин боргоҳи илму маърифат татбиқи амалӣ ёбад.
Ғолибони олимпиадаҳо аз ҷониби директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин ғолибони озмунҳои варзишӣ бо аз ҷониби раҳбарияти муассиса бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...