04 Май 2026
Хонандагони мактаби хусусии “Аркон”-и шаҳри Хуҷанд дар фестивал-озмуни байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 74 мақоми ифтихорӣ гардиданд.
Ба ин муносибат дар майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ғолибонро муассис, маъмурият, хонандагону омӯзгорон ва волидайни ин муассисаи таълимӣ самимона истиқбол намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки санаҳои 1-5-уми майи соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон фестивал-озмуни байналмилалии бисёржанри "Калейдоскопи Шаҳрезада" баргузор шуд.
Озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукотии байналмилалии рушди эҷодии кӯдакон ва ҷавонони Иттифоқи истеъдодҳо (Булғористон), Кумитаи тадорукотии байналмилалии мусиқии ҷаҳонӣ Қазоқистон, Gebesis Education (Мактаби мусиқӣ ва санъати №17, Тошканд) ва созмонҳои байналмилалии TURKSOY ва Шӯрои байналмилалии рақс ташкил карда шуд.
Хонандагони мактаби хусусии “Аркон”-и шаҳри Хуҷанд бо муаррифии муассисаи таълимии худ дар саҳнаи байналмилалӣ маҳору эҷоди хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳаштоду шаш нафар хонандаи ин муассисаи таълимӣ фастивал-озмуни байналмилалӣ аз рӯйи 120 номинатсия иштироки фаъолона намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои фестивал-озмун, иштирокчиён дастовардҳои баланди эҷодӣ нишон доданд ва бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд:
— Ҷои аввал — 2 ҷоиза;
— Ҷои дуюм — 22 ҷоиза;
— Ҷои сеюм — 50 ҷоиза.
Умеда Гадойбоева, муасиси мактаби хусусии “Аркон”-и шаҳри Хуҷанд ғолибонро табрику таҳният гуфта, дар хониши ояндаашон муваффақиятҳои нав орзу намуд.
Таъкид шуд, ки ин натиҷаҳо аз сатҳи баланди омодагии хонандагон ва касбияти омӯзгорони мактаби хусусии «Аркон»ро нишон медиҳанд ва самаранокии корҳои пайвастаро барои рушди қобилиятҳои эҷодии насли ҷавон тасдиқ мекунанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







