(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят баргузор гардид.

Вохӯриро муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ифтитоҳ намуда. Иттилоъ дод, ки он дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид, ҳадаф таҳкими робитаи донишҷӯён бо шаҳрдорӣ мебошад, зеро ҷавонон неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллату давлат ҳастанд. Зеро Тоҷикистон ватани ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баръало эҳсос карда мешавад.
Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати дохиливу хориҷӣ ва маорифпарварию хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи дастовардҳои навин қадамҳои устувор мегузорад ва дар даврони ҷаҳонишавии тамаддунҳо масъалаҳои марбут ба рўзгори ҷавонон, хосатан донишҷўён ҳамчун нерӯи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати аввалиндараҷаи давлату ҳукумати кишвар қарор дорад.
Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ба пояҳои асосии бунёди давлати навини миллии тоҷикон, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, дунявӣ ва мутамаддин асос гузошта шуд.
Аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сиёсати созандаю бунёдкорона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо роҳи устувори рушди ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш гирифта, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои бузург ноил гардидем.
Истиқлолият ҳуқуқи моро ба эҳёи давлати миллӣ, мероси пурғановати таъриху фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллиамон устувору таҳким бахшида, барои ҳар чи бештар рў овардан ба таъриху фарҳанг, суннат ва анъанаҳои беҳтарини аҷдодиамон дар роҳи рушду болоравии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандустӣ, ахлоқи ҳамида тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз имкониятҳои зиёд фароҳам овард.
Раиси шаҳр гуфт, ки бунёди ҷомеаи мутамаддин дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба пояи маънавиёт истеҳком дорад. Фарҳангу маънавиёт дар асару маърўзаҳои Президенти мамлакат ҳамчун ҳастии миллат эътироф гашта, бо ҳидояти дурбинонаашон ин нуқта моҳияти амали созандагиву бунёдкории ҷомеаро ташкил медиҳад. Дар ташкил ва тарғиби арзишҳои маънавӣ муассисаҳои таълимӣ мақоми шоиста дошта, ҳамчун махзани бузурги илму маърифатомӯзӣ дар тарбияи насли созандаву бунёдкор саҳми назаррас гузошта истодааст.
Хусусан, дар шароити имрўзаи рушди босуръати илму техника ва технологияи муосир ҳар як давлат нерўи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тақвияти соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Омўзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти асосии пешрафт ва рушди босуботи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Замони мо - замони таҳаввулоти бузурги илму техника, замони ҳамкориву ҳамгироии кишварҳову минтақаҳост. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ имрўз баробари истиқбол аз андешаҳои пешқадам ва таҷрибаҳои судманди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи фароҳам овардани фазои эътимод, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмиву фарҳангӣ бо ҷаҳони муосир пеш рафта истодааст.
Илму дониш воқеан маънибахшу шукўҳафзои ҳастии инсонҳост. Ҷомеаи инсониро илму дониш, маърифат ва ахлоқу маънавият мазмуну мўҳтавои амиқ ато мекунад. Устувориву пешрафти ҷамъияти инсонӣ ба маърифат ва илму дониш иртиботи қавӣ дорад. Маҳз дар даврони Истиқлолият бо ҳифзи асолати миллӣ, баҳри ноил шудани кишвари мо ба илму дониши пешрафтаи замони муосир заминаҳои боэътимод ба миён омаданд. Дар иҷрои ин мақсад эҳсоси худшиносии миллӣ, ватанпарварӣ ва садоқати тамоми равшанфикрон, бахусус олимону зиёиёни риштаҳои илмию техникӣ бисёр муҳиму тақдирсоз ва дастовардҳои онҳо шоистаи таҳсин мебошад.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки дар ҳама давру замонҳо маъвои асосии илму дониш таълимгоҳҳо мебошад. Вобаста ба ин, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилоят бевосита бо сиёсати хирадмандони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба рушди таълимгоҳҳо ва ободии онҳо таваҷҷўҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки ин аз беҳтарин падидаҳои даврони Истиқлолият дар соҳаи маориф мебошад. Дар ҳамин давра барқарор намудани ҳамкории байнидавлатии донишгоҳҳо, қабули барномаву лоиҳаҳои нав, беҳтар гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили мактабҳои нав, литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо, литсейҳои муштарак, мактабҳои хусусӣ ва амсоли инҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъсис ёфта, аз рўи барномаҳои хоси худ амал мекунанд, фаъолияти назарраси худро дар пешрафти илму маориф ва омодасозии мутахассисони баландихтисос нишон доданд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мақому мавқеи ҷавонон, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, бамаротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ, соҳибкорӣ ва дар пешрафту ободии диёр бештар ба назар мерасад, ки аз ҷониби Ҳукумат барномаву лоиҳаҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гуштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии аҳолӣ, аз ҷумла хонандагону донишҷўён озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди: “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурўғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани ман”, ”Шоҳномахонӣ” ва амсоли ин ҷорӣ гардидааст, ки пеш аз ҳама таваҷҷўҳу ғамхорӣ ва дастгирӣ нисбат ба наврасону ҷавонон мебошад.
Саҳми ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар арзишманд буда, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии кишвар ва дар рушди варзишу оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим назаррас ва шоистаи таҳсину ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар анҷоми суханронии худ гуфт, ки мо бояд аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ, неъматҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ шукргузорӣ намоем. Ҳамчунин, барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои арзанда саҳми назарраси худро мегузоред.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар навбати худ ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ вобаста ба донишандўзию касбомўзии ҷавонон ва фаъолияти арзандаи устодону омӯзгорон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони сарбаланди кишвар дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоред, дар ҳар ҷое ки бошед, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунед.
Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баромад намуда, ҷавононро бо омӯзиши амиқи илму ҳунар, забонҳои хориҷӣ, дӯст доштани давлату миллат, саҳмгузорӣ ба рушди ояндаи Тоҷикистон даъват намуд.
Дар мулоқоти озоду ошкоро аз ҷониби як қатор донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода суолу дархостҳо манзур гардиданд.
Ба 220 нафар донишҷӯёни фаъолу аълохон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстон ба мулоқот ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...