(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр аъзоёни Шӯро, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони маҳаллаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, уламои дин, нозирони минтақавӣ, муфаттишони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул ҳузур доранд.
Раиси Шӯро Бахтиёр Нозимзода зикр дошт, ки дар ҷаласа масъалаи “Натиҷаи ҷамъбасти ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он, пешгирии зӯроварӣ дар оила дар давраи солҳои 2024-2025 ва 3 моҳаи якуми соли 2026 дар фаъолияти субъектони пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оилаи шаҳри Хуҷанд” мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Таъкид шуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як сокини кишвар шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маиширо баҳри таъмини зиндагонии шоиста фароҳам оварда шудааст.
Бо вуҷуди беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ, мутаассифона ашхоси алоҳида бо сабабҳои гуногун даст ба худкушӣ ва суйиқасди он зада, ҳамзамон нисбати аъзоёни оилаҳои алоҳида зӯроварӣ зоҳир менамоянд, ки боиси таассуф мебошад.
Баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани ин ҳодисаҳои номатлуб, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила“ ва “Барномаи давлатии ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст.
Сипас, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Меҳроҷ Мирзозода доир ба мавзуъи матраҳшуда баромада намуда, аз ҷумла афзуд, ки Прокуратураи шаҳри Хуҷанд вазъи иҷрои қонунгузориҳои мазкурро борҳо мавриди санҷишу ҷамъбаст қарор дода, натиҷаи онҳо дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баррасӣ ва барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти субъектони муборизабаранда қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.
Аз ҷумла, дар асоси муқаррароти санадҳои зикршуда дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссияҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ гуруҳҳои корӣ вобаста ба муайян ва корбарӣ намудан бо хонандагони осебпазир, афсурдахотир ва шахсони гирифтори бемориҳои руҳию равонӣ ва майзада таъсис дода шуданд.
Инчунин, нозирони минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор гардидаанд, ки оилаҳои носолимро ба қайд гирифта, нисбати шахсони ба зӯроварӣ дар оила роҳ дода, майли содир намудани ҳодисаҳои худкушӣ ва ба суйиқасд ба он дошта, чораҳои профилактикӣ ва маъмурӣ андешанд.
Ҳамзамон бахши кор бо занон ва оила, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ, марказҳои ёрирасони офиятбахш ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ низ вазифадор карда шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар субъектони пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила барои пешгирии хушунат дар оила ва бартараф намудани оқибатҳои зӯроварӣ, сабабу омилҳои содиршавии он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Меҳроҷ Мирзозода доир ба камбудиҳои ҷойдошта низ бо мисолҳои мушаххас маълумот манзур намуд.
Дар баррасии масъалаи мазкур, Мастона Авезова, сармутахасиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, майори милитсия Давлат Шокирӣ, сардори шуъбаи тартиботи ҷамъиятии ШВКДҶТ дар шаҳри Хуҷанд, Мадина Салимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои дини вилоят ва Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуданд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода зимни пурсиш ва вазифагузорӣ аз масъулин аз ҷумла таъкид намуд, ки зӯроварӣ дар оила мушкилии дар тамоми ҷаҳон паҳнгардида буда, барои ҷабрдидагон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эҳсосотӣ-рӯҳӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта, на танҳо ба оила, балки ба тамоми ҷомеа низ таъсиргузор мебошад. Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти хатарноки ҷамъиятӣ мебошад, чунки он дар навбати аввал ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодиҳои занон, кӯдакон ва шахсони солхӯрдаро поймол менамояд.
Масъулинро зарур аст, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд, мулоқоту вохӯриҳои инфиродӣ бештар бо қишри осебпазири ҷомеа ташкил намуда, аз ҳолати зиндагӣ, рӯҳию равонии ҳар як шаҳрванд аз наздик шинос бояд шуд.
Бояд ҳар як шаҳрванд дарк намояд, ки зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии бадқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ мебошад, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.
Зикр шуд, ки оила, ки асоси ҷамъият аст, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Зӯроварӣ дар оила ҳамчун зуҳуроти номатлуб барои шахсият, ҷамъият ва давлат хавфнок мебошад. Ҳамчунин зӯроварӣ тавассути расонидани таъсири равонӣ ба ҳар як узви оила метавонад аз доираи он берун баромада, барои содир намудани дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла, ҷиноятҳои махсусан вазнин мусоидат намояд.
Дар анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкории мутақобилаи судманд ва кӯшишҳои дастаҷамъона ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъмини баробарии марду зан, роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатхои оилавӣ, фароҳам овардани фазои созандаи муносибатҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва ҳалли дигар мушкилоти ҷой доштаю баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои чомеа оварда мерасонад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...