22 Апрел 2026
Бахшида ба Иди Замин дар муассисаи таълимии томактабии ба номи “30 солагии Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Замин-хонаи мо” баргузор шуд, ки дар он мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода иштирок намуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, ташаккули муҳаббати кӯдакон ба табиат ва тарбияи эҳсоси масъулият нисбат ба ҳифзи муҳити зист баргузор шуд.
Қисми расмии чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии мудири муассиса оғоз гардид. Дар баромад таъкид карда шуд, ки ҳифзи табиат, сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва нигоҳубини муҳити атроф вазифаи ҳар як инсон мебошад. Инчунин қайд гардид, ки тарбияи экологӣ бояд аз синни томактабӣ оғоз гардад.
Дар рафти чорабинӣ кӯдакон шеърҳо дар васфи табиат қироат намуда, сурудҳо дар бораи Замин, гулҳо ва табиати зебо иҷро карданд. Ҳамчунин саҳначаи тарбиявӣ дар мавзуи «Замин хонаи умумии мост» намоиш дода шуд, ки дар он кӯдакон бо либосҳои рамзии офтоб, об, гул ва дарахт баромад намуданд.
Барномаи идона инчунин аз бозиҳои шавқовари экологӣ иборат буд. Кӯдакон дар бозиҳои «Табиатро ҳифз мекунем», «Дарахт шинонем», «Гулҳоро нигоҳ дорем» фаъолона иштирок намуда, донишҳои худро дар бораи муҳити зист мустаҳкам карданд.
Дар қисми амалии чорабинӣ аксияи рамзии «Як кӯдак – як ниҳол» баргузор гардид. Тарбиятгирандагон бо роҳнамоии мураббияҳо дар ҳавлии муассиса гулҳо ва ниҳолҳои ороишӣ шинониданд. Ин иқдом ба кӯдакон имконият дод, ки дар амал аҳамияти нигоҳубини табиатро дарк намоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода ба кӯдакон барои иштироки фаъолона ва ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҷиҳати ташкили чунин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён гардид. Таъкид шуд, ки маҳфил дар сатҳи хуби ташкилӣ ва тарбиявӣ доир гардида, дар баланд бардоштани маърифати экологӣ, рушди ҳисси дӯстдорӣ ба табиат ва тарбияи муносибати ғамхорона нисбат ба муҳити зист миёни кӯдакон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







