9801
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
21 Апрел 2026
Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба таълим ва омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» аз ҷомеаи омўзгорон ва хонандагон тақозо менамояд, ки ба омўзиши забонҳои хориҷӣ бахусус забони русӣ аҳамияти хоса зоҳирнамоянд.
Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо машварати доимоамалкунандаи омӯзгорони фанни забони русии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат моро водор мекунад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем. Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русиро ба дараҷаи баландтар бардорем. Барои ин шароити мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавҷуданд. Танҳо саъю талош ва азму ғайрати дучанд лозим аст, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат иҷрои саривақтии худро ёбанд.Барои тақвияти бештари ҳамкориҳо ва ривоҷи забони русӣ дар кишвар чанд соли охир мактабҳои русӣ ба фаъолият пардохтанд, ки аз фардои мунаввар башорат аст.
Сипас иштирокдорони машварат дар дарсҳои кушоди муаллимони забони русии МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Чорабинии тарбиявӣ бо забони русӣ таҳиягардида пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан