21 Апрел 2026
Аз 20 то 25 апрели соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба аҳамият ва самаранокии ваксинатсия дар пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Иммунизатсия яке аз роҳҳои боэътимоди ҳифзи саломатии кӯдакон ва калонсолон ба ҳисоб меравад.
Дар доираи ҳафтаи мазкур таваҷҷуҳи махсус ба:
- баланд бардоштани сатҳи фарогирии иммунизатсия,
- беҳтар намудани донишҳои аҳолӣ оид ба ваксина,
- дастрасии гурӯҳҳои осебпазир (дурист, душворгузар ва камфаро гирифташуда) ба хизматрасониҳои иммунизатсионӣ равона карда мешавад.
Иммунизатсия ҳуқуқи ҳар як кӯдак ва калонсол ба саломатӣ мебошад.
Биёед пешгирӣ кунем — муҳофизат намоем! Иммунизатсияро гузаронем!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







