15 Апрел 2026
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорону мудирони шуъбаву бахшҳои шаҳрдорӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рўйи натиҷаи фаъолияти шаҳрдорӣ давоми 3 моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Сӯҳроб Самадзода, муовини Раиси шаҳр доир ба бурду бохти хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар соли таърихии 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри иҷроиши босуботи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода фаъолияти ҳамарўзаи худро дар самти суръатбахшии истеҳсолот, рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монда, барои пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида истодаанд.
Дар амал татбиқ намудани ҳадафи асосии Стратегияи рушди миллӣ саноатикунонии босурат, барои пешрафту тараққӣ ёфтани иқтисодиёти шаҳр мавқеи бузург дошта, натиҷаҳои ноил гашта, барои афзун ёфтани ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилояту ҷумҳурӣ истеҳсолшудаҳамасола заминаи устувор гузошта истодааст.
Новобаста аз таъсири мушкилиҳои пешомадаи тағйиротҳои ҷаҳонии солҳои охир дар натиҷаи чораҳои андешидашуда ба мо имконпазир гашт, ки дар ин давра 6 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир бо ҷалби 36,5 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода, миқдори умумии корхонаҳои саноатиро ба 329 адад расонем.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар семоҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 576,9 миллион сомонӣ расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 130,8 фоизро ташкил дод.
Аз ин миқдор 99,9 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 112,8 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт таҳкими асосӣ гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот сол аз сол зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 127 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 253,2 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 52,2 млн. сомонӣ ё 26,0 банди фоизӣ зиёд гаштааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир нақшаи буҷети умумии шаҳр ба андозаи 111,3 фоиз ё 311,9 миллион сомонӣ таъмин гардидааст.
Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, 128,6 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки он дар муқоиса бо нақшаи пешбинигардида ба маблағи 11,7 миллион сомонӣ зиёд ё 110,0 фоизро ташкил додааст.
Қисми хароҷоти буҷети шаҳр 99,7 фоиз таъмин гардида, дар ин давра барои пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 84,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардиданд.
Сӯҳроб Самадзода гуфт, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси шаҳр аз 20 июни соли 2022, №77 аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Мувофиқи нақша чорабинии зикрёфта сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то имрўз 1173 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи умумии пешбинишуда 123,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншоотҳои бунёдшуда, 78 адади он ба соли ҷорӣ рост омада, аз онҳо 4 иншоот дар соҳаи саноат, 3 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 7 иншоот дар соҳаи маориф, 18 иншоот ба дар соҳаи варзиш, 27 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 9 бинои истиқоматӣ бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Минбаъд моро зарур аст, ки барои таъсису бунёди боз 400 адад иншоотҳои ҷашнӣ заҳмати ҳамарӯзаи пурмаҳсул андешем.
Сӯҳроб Самадзода дар ҷараёни баромади худ доир ба фаъолияти дигар бахшҳои хоҷагидории шаҳр низ маълумоти муфассал дод.
Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баррасии ҷодаи иқтисодиёт аз масъулини соҳаи саноат даъват ба амал овард, ки фаъолияти ширкату корхонаҳоро ҳамоҳангсозӣ намуда, барои иҷрои сифатноки нақшаи буҷет, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, афзун намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳо андешанд.
Доир ба соҳаҳои маорифу тиб, занон, ҷавонон, кор бо маҳаллаҳо ва ғайраҳо аз масъулини далдор пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, тарғиби даствардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ғайра дастуру супоришҳо дод.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии мутахасисони ҷавон, риояи қонунгузории танзими расму оин, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ масъулини дахлдор муваззаф гардиданд.
Зимни баррасии мавзуъҳои матраҳгардида Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд бо таҳлилҳои амиқ ва ояндабинӣ фикру андешаҳои хешро баён дошт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро натиҷабардорӣ намуда, аз ҷумла афуд, ки дар оянда низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба истиқболи сазовори 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида, онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳанд намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







