(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Қасри фарҳангии «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини соли хониш — маросими қадрдонии беҳтаринҳо ва хатми шогирдони Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир бо иштироки хонандагону омўзгорон, волидайн ва меҳмонон баргузор гардид.

Директори Марказ Ҳамида Ўрунова чорабиниро ҳусни ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки маориф ҳамчун арзиши асосии рушди ҷомеа дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли 2025 ҷойгоҳи махсус дорад. Ин Паём ба унвони ҳуҷҷати стратегӣ самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маорифро барои марҳилаи минбаъда муайян мекунад ва ба рушди устувори он ҳидоят медиҳад.
Дар Паём таъкид мешавад, ки барои таҳкими низоми маориф бояд сатҳи таълим дар ҳамаи зинаҳо – аз мактаби ибтидоӣ то таҳсилоти олии касбӣ – беҳтар карда шавад. Барои ин, зарурати омодасозии кадрҳои пурихтисос, такмили касбияти омӯзгорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш баён гардидааст.
Зикр шудааст, ки бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ, математикӣ ва табиӣ зоҳир гардад, зеро онҳо ҳамчун заминаи рушди илми муосир ва иқдомҳои инноватсионӣ нақши муҳим доранд.
Президент зарурати мустаҳкам намудани базаи моддӣ техникии муассисаҳои таҳсилотиро таъкид намуда, сохторҳои заруриро вазифадор кардаанд, ки таълимгоҳҳо ва донишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шаванд. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки муҳити таълимӣ боз ҳам беҳтар ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардад.
Таъкид намудан зарур аст, ки насли босавод ва бомаърифат ҳамеша барои рушди ояндааш талош менамояд ва ин гуна насл метавонад мамлакатро низ аз хатарҳои эҳтимолӣ наҷот бидиҳад. Насли нохондаву аз донишу маърифат дур барои ҷомеа дарди сар ва хатарнок мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳамеша дастгирӣ намудани соҳаи маориф ҳам ба хотири зиндагии шоиста ва ҳам барои фардои дурахшону обод мебошад. Тарбия намудани насли донишманд ва ҳушёр ҳадафи бузург ва мақсаднок буда, дар ҳама ҳолат сипари зеҳнӣ барои ҳар мамлакат мебошад.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии Марказ татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои забономӯзӣ ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти хоаннадагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо баҳри дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ мебошад.
Иттилоъ дод, ки Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 20 сол инҷониб фаъолият дошта, ба омўзонидани забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, курсҳои интенсивии равоншиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо забони англисӣ машғул аст. Дар Марказ зиёда аз 10 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба, докторони илм, номзадони илм, Аълочиёни маориф бо маоши хуб ва ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади мубодилаи таҷриба ва афкор, баҳри баланд бардоштани донишу малакаҳои омӯзгорони Маркази гуманитарии муосир ба номи У.Шекспир аз кишвари Олмон коршиносон аз ҳисоби омӯзгорон-профессорони пуртаҷриба мунтазам даъват карда мешаванд.
Сипас аз тарафи директори Марказ Ҳамида Ӯрунова ва омӯзгори забонҳои англисӣ ба 56 нафар хатмкунандагон дипломи дараҷаи В1 ва В2 –и забонҳои англисӣ ва олмонӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон 11 нафар хонандагон соҳиби Стипендияи директори Марказ шуданд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо маблағи таҳсилро насупоранд ва баръакс соҳиби идрор шуданд.
Дар доираи лоиҳаи «Мактаби некӣ» омӯзгороне, ки дарсҳои намунавии ҳисоботӣ пешниҳод карданд, бо сертификат ва мукофотпулиҳо дар се категория сарфароз шуданд:
✨ Very Good (500 сомонӣ - 12 нафар)
✨ Excellent (1000 сомонӣ - 6 нафар)
✨ Grand-Prix (3000 сомонӣ - 2 нафар).
Ҳамчунин барои иштироки фаъол ва баромади ҷолиб дар мини-конференсияи илмӣ, 7 нафар устодон соҳиби унвони «Презентатори беҳтарин» шуданд.
18 нафар устодон дар озмуни Марказ иштирок намуда, 2 нафар омӯзгорон: Саодат Охунова, омӯзгори забони олмонӣ ва Заррина Султонова, омӯзгори фанни забони англисӣ соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти Марказ 20 нафар варзишгарон бо медалҳо ва Ҷоми мусобиқот барои муваффақиятҳояшон дар майдони футбол қадрдонӣ шуданд.
Чорабиниро ҳузури коршиноси соҳаи маориф аз Олмон, хонум Ҳелга Фишер шукӯҳи тоза бахшид. Ӯ дар доираи барномаи касбии худ бо нутқи табрикотӣ ба се забон — русӣ, англисӣ ва олмонӣ суханронӣ намуда, сатҳи омодагии шогирдони Марказро баланд арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ, меҳмонон ва волидайни хонандагон баромад намуда, ба фаъолияи Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспири шаҳри Хуҷанд баҳои баланд дода, хонандагонро баҳри омӯзиши амиқи забонҳо ва дӯст доштани Давлату миллати хеш даъват намуд.
Барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...