(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар тарабхонаи “Сайҳун”-и шаҳр даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд.

Дар Озмун идораву ташкилот, муассисаву маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки тарғиби ҳунари асили фарҳанги кадбонугии занону духтарони тоҷик, гиромидошти шахсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, арҷ гузоштан ба ҳунари кадбонуҳо, завқи дастархонороӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ ва анъанаҳои ороиши миллӣ рукнҳои муҳими арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошанд. Истеъдоди нотакрори ҳунармандии занону духтарони тоҷик онҳоро ҳамчун занони бохираду порсо, созандаву офаранда, фарҳангиву фарҳангсолор муаррифӣ менамояд.
Ҳамин аст, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкасбу соҳибдониш гардидани занону духтарон, ҷалби занон ба омӯхтани касбу ҳунар, ҳамзамон бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Баргузории чунин намоишгоҳҳо, озмунҳо, фестивалҳои ҷумҳуриявӣ имконият медиҳад, ки паҳлуҳои нозуки санъати асили ҳунармандӣ, кадбонугӣ, маърифати оиладорӣ, сарфаву сариштакорӣ мавриди истифода қарор гирифта, беҳтарин ҳунармардон қадршиносӣ карда шаванд. Ин васила барои пайдо намудани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши расму оин, мероси ниёгон, анъанаи миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа такони хуб мебахшад.
Сипас ҳайати ҳакамот бо ҳунари кадбонугии идораву ташкилот, муассисаву маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд шинос шуда, онро баҳогузорӣ намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва як қатор бонувони барӯманди шаҳр дар чорабинӣ иштирок намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгони шарафманди тоҷик дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои миллии маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ соли 8-ум аст, ки гузаронида мешавад.
Яке аз ҳадафҳои асосии чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти ҳунармандии занон- ин ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занони ҳунарманд, соҳибзавқ ва кадбонуҳои моҳир ба эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойи нави кор мебошад.
Сипас ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол Диплом, туҳфаҳои хоиравӣ ва сипосномаҳо тақдим гардиданд.
Ҳамин тавр, гуруҳи кадбонуҳои Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 –и шаҳри Хуҷанд дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» мақоми аввалро ба даст овард. Ҷойи дуюмро кадбонуҳои ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва мақоми сеюмро аҳли маҳаллаи “Тиллокон”-и шаҳри Хуҷанд соҳиб шуданд.
Ғолибон дар даври вилоятии озмун иштирок хоҳанд намуд.
Ҳамзамон ба як қатор хатмкунандагони маҳфили “Гулдузӣ”-и назди маҳаллаи “Содирхон Ҳофиз” низ шаҳодатномаҳо тақдим шуд.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...