(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз ҷомеаи меҳнатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд бо суруру шодмонӣ ва иҷрои анъанаву суннатҳои неки мардумӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалро истиқбол намуданд.

Дар чорабинии идона Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва роҳбари гуруҳии кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кулли табибон, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони соҳаро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Наврӯз дар таъриху тамаддуни мардуми ориёитабор рӯзи фараҳмандтарин, рӯзи нав, оғози соли нав ва эҳёи табиат ба ҳисоб меравад. Табиат дар ин айём аз нав эҳё гардида, ҳаёти нав оғоз мешавад. Дар байни тамоми ҷашну маросиме, ки аз замони қадим то ба имрӯз дар дунё таҷлил мешаванд, Наврӯз яке аз ҷашнҳои зеботарин ва муқаддамтарин ба ҳисоб меравад. Мардум ҷашни Наврӯзро бо як омодагии аҷиб интизор мешавад, либоси хеш ва ҷиҳози хонадонашро озода гардонида, манзилу макони хешро тамиз мекунад ва дастархони наврӯзиро бо маводи «ҳафтсин» - себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак ва «ҳафтшин» - шаҳду ширу шаробу шаккари ноб, шамъу шамшоду шойеъ оро ммедиҳад. Соли нави аҷдодӣ тараннумгари зебоиву накўӣ буда, як ҷузъи ҷудонопазири инсон ва табиат аст. Яъне дар нимкураи шимолии Замин фасли сармо поён меёбад ва рўзгори гарму нарм фаро мерасад. Кам шудани сардӣ, об шудани ях ва нарм шудани ҳаво ба одамон пайки шодӣ мерасонад.
Раиси шаҳр гуфт, ки мо имрӯз таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои озоду сулҳу субот, дар кишвари соҳибихтиёру обод Наврӯзро мутантан таҷлил менамоем. Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, тақозо дорад, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созем.
Зеро имсол соли ҷашнӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон тантана мешавад ва ҳар яки мо дар ҷодаи хеш ба истиқболи шоистаи ин тадбири муҳими давлатӣ бояд фаъолона заҳмат кашем ва рӯз ба рӯз ба он наздик шавем.
Роҳбари гуруҳии кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.
Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.
Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми башар боқӣ мемонад.
Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо кушишу талош ва иқдомҳои фарҳангпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри азнав зинда кардани иду ҷашнҳои миллии ниёгонамон тадбирҳои зарурӣ руи кор гирифта шуданд.
Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва роҳбари гуруҳии кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз хаймаҳои наврзии шуъбаву сохторҳои Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд дидан намуда, ба сатҳи ташкилии он баҳои баланд доданд.
Роҳбари гуруҳии кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суҳбати самимӣ бо собиқадорон, роҷеъ ба пешравии соҳаи тандурустии мамлакат ва рушди бемайлони соҳа бо дастгирии Давлату Ҳукумат маълумот дод. Таъкид шуд, ки соҳаи тандурустӣ маҳз дар замони Истиқлолият ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас комёб гардид.
Сипас ба як қатор дӯстрӯякон тӯҳфаҳои идона тақдим гардид.
Барномаи фарҳангии наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...