26 Март 2026
Сокинони маҳаллаи “Содирхон Ҳофиз” ҷашни Наврӯзи байналмилалро истиқбол намуданд.
Наврасон ва бонувони маҳалла суннатҳои наврӯзиро бо маҳорати хос иҷро карданд.
Таъкид шуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки омили тақвияти ваҳдати ҷомеа ва худшиносии миллӣ мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, дар паёмҳои табрикӣ таъкид мекунанд, ки Наврӯз ҷашни “покии андеша, муҳаббат ва умеди нек ба фардои дурахшон” мебошад. Ин суханон аҳамияти маънавии ҷашнро боз ҳам равшантар мекунад.
Зикр гардид, ки мо миннатдорем аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи махсус ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ, либоси миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доранд. Дастгирии онҳо ба мо, насли ҷавон, кӯмак мекунад, ки пайванди худро бо таърих нигоҳ дорем, ба Ватан муҳаббат ва ифтихор дошта бошем ва барои пешрафти кишвар талош кунем.
Наврӯз ба мо меомӯзад, ки ҳар рӯз имконияти нав барои ибтикор, некӣ ва эҳтироми ҳамдигар мебошад. Ин ҷашн барои ҷавонон сабақи ватандӯстӣ, масъулият ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Мо бояд бо дониш, меҳнат ва муҳаббати самимӣ ба Ватан саҳми худро дар ободии Тоҷикистон гузорем.
Наврӯз рамзи эҳё, ваҳдати миллӣ ва ифтихори таърихии халқи тоҷик аст. Ин ҷашн моро ба қадршиносии муҳаббат, сулҳу дӯстӣ ва ваҳдат даъват мекунад. Танҳо бо ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ метавонем Ватани азизамонро боз ҳам ободу шукуфон гардонем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







