25 Март 2026
Имрӯз, санаи 25.03.2026 ҷомеаи меҳнатии МТТ “Луқмони Ҳаким” бо шукргузорӣ аз фазои амну осоиштагӣ иди миллии ниёгон-Наврӯзи байналмилалро таҷлил намуд, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро намояндаи раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Абдураҳмонов ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон буда, гузаштагони фарҳангиву тамаддунсозамон расму ойинҳои онро ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонидаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд. Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст”.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки “ Дар байни тамоми ҷашну маросиме, ки аз замони қадим то ба имрӯз дар дунё таҷлил мешаванд, Наврӯз яке аз ҷашнҳои зеботарин ва муқаддамтарин ба ҳисоб меравад. Мардум ҷашни Наврӯзро бо як омодагии аҷиб интизор мешавад, либоси хеш ва ҷиҳози хонадонашро озода гардонида, манзилу макони хешро тамиз мекунад.
Таъкид шуд, ки мову шумо дар партави сиёсати некбинонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти созандаи хеш идома бахшем ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳон бо дастоварду муваффақиятҳои нав ба нав муаррифӣ намоем.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврӯз – ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё ва мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин, вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунёди боғҳои наздиҳавлигӣ, корхонаҳои истеҳсоливу роҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Сокинони Хуҷандшаҳр масъулияти хешро дар роҳи ободии Ватан ба хубӣ дарк мекунанд ва дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд.
Мо имрӯз дар фазои озоду сулҳу субот, дар кишвари соҳибихтиёру обод Наврӯзро мутантан таҷлил менамоем. Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, тақозо дорад, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созем.
Зеро имсол соли ҷашнӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон тантана мешавад ва ҳар яки мо дар ҷодаи хеш ба истиқболи шоистаи ин тадбири муҳими давлатӣ бояд фаъолона заҳмат кашем ва рӯз ба рӯз ба он наздик шавем.
Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, намояндаи раёсати тандурустии вилоят ва роҳбарияти МТТ “Луқмони Ҳаким” ба як гуруҳ дӯстрӯякон тӯҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим гардид.
Барномаи пуршукуҳи наврӯзӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







