21 Март 2026
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идонаи Наврўзи байналмилал ҷашн гирифта шуд.
Азаматхуҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва Тахмина Усмонова, муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд ҳозиринро бо ҷашни умумимиллии Наврўз табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Наврӯз ва дигар оину суннатҳои миллии мо маҳз ба шарофати сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шудаанд. Воқеан ҳам Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд. Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд.
Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.
Таъкид шуд, ки ҷашни Наврўз дар даврони истиқлоли давлатиамон маҳз таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддуни Наврўз мақоми байналмилалӣ гирифта, ойину суннатҳои он ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардид. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон чунин таъкид намудаанд: “Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили ин ҷашн аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳуввияти тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи он ба ҳисоб меравад”.
Яке аз бузургтарин ҳикматҳои ин ҷашни мардумӣ дар он зоҳир мегардад, ки омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб рафта, ниёзҳои маънавию иҷтимоии мардуми оламро қонеъ мегардонад.
Аз нав эҳё гардидани Наврӯз, анъанаву суннатҳои наврўзӣ ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он обрӯву нуфузи кишвари азизамон Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар намуд.
Сипас барномаи фарҳангии кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони маъруфи шаҳру вилоят ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







