(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Ҳолиқзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилал ба мумфаршкунии асосии роҳи кўчаи Ҷумъа Поччоеви маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими маъракаи мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.
Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад ва хушбахтона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи Ҷумъа Почоев беш аз 1 километр буда, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, муассиси ширкати сохтмонии “Тоҷ-сохтмон”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Набиҷон Абдураззоқов бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сохта мешавад. Пудратчии корҳои ширкати “Роҳи пурфайз” мебошад.
Бо қайд намуд, ки чанде қабл бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, муассиси ширкати сохтмонии “Тоҷ-сохтмон”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Набиҷон Абдураззоқ дар ин маҳалла маҷмааи нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин бо маблағгузории ширкати сохтмонии “Тоҷ-сохтмон” бинои иловагии 4 ошёнаи гимназияи №4 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Ҳолиқзода ба ин иқдоми соҳибкори ватанӣ изҳори миннатдории Ҳукумати мамлакатро расонида, онро намунаи олии пайравӣ ба дигар соҳибкорони бонангу номус унвон намуд. Таъкид шуд, ки чунин иқдом беҳтарин амали ватандӯстӣ буда, мо дар якҷоягӣ ватану диёрамонро обод мекунем.
Аҳли маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов»-и шаҳр аз ин иқдомоти созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат истиқболи гарм намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамагон дар канор наистода, бо ҳамраъйии дастҷамъона диёри хешро то 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу мунаввар менамоянд.
Сипас, бо дуои неки пирони маҳалла ба мумфаршкунии асосии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...