(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи солеҳони имрӯз мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз Истиқлолият, амну осоиштагӣ ва оромию шукуфоии сарзамин дар масоҷиди ҷомеаи шаҳр намози Иди саиди Фитрро хонданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масҷиди марказии Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, намозгузорон ва кулли мардуми вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони Хуҷандшаҳрро бо Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки боиси ифтихору сарбаландист, ки мардуми вилоят дар моҳи мубораки Рамазон дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ фаъолиятро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони халқ тақвият бахшида, суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат бахшиданд.
Дар моҳи шарифи Рамазон, ки айёми файзу баракат, хайру саховат, сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва бахшиши гуноҳҳо мебошад, сокинони вилоят дар қатори тамоми мардуми Ватани маҳбубамон бо риояи суннату анъанаи гузаштагон амалҳои неку шоистаро боз ҳам густариш бахшиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намудаанд: “Парҳезгорӣ, саховатмандӣ ба атрофиён, дасти ниёзмандонро гирифтан, аз рӯйи тавон имкон кумак кардан ба наздикони худ ва анҷом додани дигар амалҳои неку савоб аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд”.
Боиси хурсандинист, ки имсол Иди саиди Фитр дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — Наврӯзи оламафрӯз, ки бо ташаббус ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифт, таҷлил мегардад. Суннатҳои неки ин ҷашни бузурги миллӣ, аз ҷумла бо рӯҳияи баланд вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, тозаву озода намудани маҳалли зист, сарсабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳо, сарҷамъу муттаҳид намудани мардум ва ба ин васила ҳисса гузоштан дар ободиву зебоии Ватани биҳиштосоямон амалҳои хайре мебошанд, ки дар таълимоти дини мубини ислом низ савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст.
Имрӯзҳо мардуми кишвар ба истиқболи ҷашни ҳумоюни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои халқи тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ мебошад, ҳаматарафа омодагӣ мебинанд. Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар кишвари азизамон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шуд. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми моро зарур аст, ки бо истифода аз баракати рӯзҳои баҳорӣ мардумро ба меҳнатдӯстӣ, ободкорӣ, эҳтироми суннатҳои миллӣ, иҷрои саривақтиву босифати корҳои кишоварзӣ ва самаранок истифода бурдани обу замин ҳидоят намоем ва ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузорем.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҳамагонро бо Иди саиди Фитр ва фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба Тоҷикистони маҳбубамон тинҷию осудагӣ ва рушду шукуфоӣ таманно намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...