(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИДИ РАМАЗОН – РӮЗИ НИШОТУ ШОДМОНӢ

Сокинони сарбаланди Хуҷандшаҳр, ҳамдиёрони гиромӣ!

Басо рамзист, ки имсол иди Рамазон бо ҷашни бузург- Наврӯзи Аҷам, иди байналмиллии Наврӯз рост омад.

Ҳарчанд моҳи рамазон, ки моҳи имтиҳони ирода, моҳи хайру эҳсон, шафқату меҳрубонӣ асту бо мардуми мусалмон падруд гуфт, накӯкориву ғамхорӣ ба куҳансолон, маъюбону барҷомондагон, кӯдакону афтодагон ҳамоно побарҷо хоҳад монд. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо ходимони дин изҳор доштаанд: «…яке аз шахсиятҳои маъруфи илму ирфон Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ хуб гуфтааст:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳамин маънӣ гуфтааст, ки Худоро дар як хонаи сангӣ наҷӯед, чунин ҷустани Худо ҷустани нокомил аст, Ӯ Худованди ҳама ҷост, Ӯ дар қалби мардуми олам аст, аз дари дил дар мақому манзалати инсон Ӯро шиносед…». Чӣ қадар гуфтори пурҳикмат!
Дар кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон, таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ бо имконияти васеъ роиҷ аст. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми хоса дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар аксари мулоқоти худ таъкид мекунанд, ки «Моро зарур аст, ки минбаъд низ софдилона заҳмат кашем, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоем ва Тоҷикистонро ҳамчун ватани ободу зебо ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Мо бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем ва тамоми саъю талоши худро барои ҳифзи сулҳу суботи комили кишварамон, ободии Ватани маҳбубамон, рушди давлати соҳибихтиёрамон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ равона созем».
Мардуми шарифи Хуҷандшаҳр бо эҳсоси баланди ватандорӣ, бо некиву фазилат чун анъана рўзҳои моҳи табаррукро паси сар намуд, дар ин фосила ба дастгирии мўҳтоҷону ниёзмандон шитофт ва амалҳои хайрро дар бештар анҷом дод.
Умедворам, ки бо таҷлили иди Рамазон, меҳру муҳаббат ва масъулияти мо нисбат ба якдигар ва иҷрои ӯҳдадориҳо дучанд мегардад ва ҳамагон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоем.
Ҳамаи шумо, сокинон ва меҳмонони азизи шаҳрро ба муносибати Иди саиди Фитр шодбод мегӯям, ба хонадонатон ризқу рӯзии фаровон, рўзгори босаодат, бахту иқболи баланд, осмони софу беғубор, шодиву нишоти тифлон, сулҳу оромии абадӣ ва меҳнати софдилона ба манфиати халқу кишвар орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрон!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...