19 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар Муассисаи таълимии «Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ» чорабинии идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо намоиши анъанаҳои Наврӯзӣ ва савту навои идона бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сардори Раёсати маорифи вилоят Гулсара Мирзозода, муассиси Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» Мирзорустам Негматов, директори муассиса Сурайёхон Неъматзода, инчунин волидайни хонандагон, омӯзгорону хонандагони муассиса иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Сардори Раёсати маорифи вилоят Гулсара Мирзозода иброз дошт, ки Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати мардум мебошад. Таъкид гардид, ки воқеан дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯз аз нав эҳё гардида, ҷойгоҳи арзишманд ва мақоми волоро касб кардааст.
Дар идома аз дастовардҳои арзандаву беназири омӯзгорони Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ», аз ҷумла пайиҳами ишғоли ҷойи аввал дар солҳои 2024 ва 2025 дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», инчунин ғолибияти хонандагони муассиса дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ таъкид кардашуда, онро нишони рушди устувор ва сифати баланди таълим дар муассисаи мазкур арзёбӣ карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ хонандагони муассиса бо барномаи рангини фарҳангӣ ҳунару истеъдоди худро намоиш дода, рақсу саҳначаҳои ҷолиб, сурудҳои ватандӯстона ва наврӯзӣ, инчунин расму ойинҳои қадимаи наврӯзиро пешкаши ҳозирин гардониданд. Намоиши фарҳангӣ тамоми русуму ойинҳои Наврӯзро фаро гирифта, инчунин анъанаи бозиҳои миллӣ низ намоиш дода шуд.
Ҳамчунин дар саҳни муассиса гӯшаҳои идона бо намоиши дастархони ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои миллӣ, либосҳои суннатӣ ва унсурҳои фарҳанги мардумӣ ороста шуд. Ҳамзамон аз ҷониби омӯзгорони хориҷии ин муассиса хӯрокҳои кишварҳои Русия, Амрико, Африқо ва Аврупо пешниҳоди меҳмонон гардонида шуда, бисёр диққатҷалбкунанда буда, фазои воқеии ҷашни Наврӯзро таҷассум намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







