(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи таълимӣ бо хонандагону аҳли маҳаллаи “Раззоқ” Наврўзи байналмилалро ботантана қайд намуданд.

Аз ҷониби хонандагон шеъру суруд ва таронаҳои наврӯзӣ ироа гардиданд. Расму оин ва анъанаҳои неки наврӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Таъкид шуд, ки тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад. Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд.
Зикр шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.
Мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем.
Зикр гардид, ки дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерубахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросими мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.
Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд. Ҷашнеро, ки дорои хусусияти хос буда, мардуми фарзонаи ҷумҳурӣ пеш аз таҷлили он хонаҳояшонро тоза менамоянд, занҳо ба пухтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд ва кӯдакони беғам сурудхонон маъракаи гулгардониро назди ҳар хона анҷом медиҳанд.
Яке аз таомҳои миллӣ- суманак, ки ифодагари ин ҷашн аст, дар шаби ид бо ҷамъи бонувон ва кӯдакон пухта мешавад. Назди деги суманак рақсу бозӣ ва гулгардонӣ доир шуда, то субҳ идома меёбад. Пас аз омода шудани таоми миллии рамзӣ, хурду калон либосҳои идона ба бар намуда, вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва бо нозу неъматҳои «ҳафт сину ҳафт шин» дастархони идона оро медиҳанд. Дастархони идона бо маҳорати хос, бо фарҳанги баланди дастархондорӣ оро дода мешавад. Аз ҷумла, рӯйи хони наврӯзиро бо шаҳд, шир, шакар, шароб, шамъ, шоя, шамшод, ё ин ки себ, сипанд, сир, сирко, санҷид, сабзӣ, суманак оро медиҳанд, ки аз дастархондорӣ ва табъу завқи баланди ниёгони мо дарак медиҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...