18 Март 2026
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ бо иқдоми факултети кори момодоягӣ конференсия илмӣ- адабӣ таҳти унвони" Наврӯз пайвандгари дилҳо ва фарҳангҳо" аз ҷониби факултети кори момодоягӣ ташкил ва баргузор гардид.
Нахуст ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Мухбира Ҷӯрабоева конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки Наврӯз тарғибгари арзишҳои неки мардумони ҳавзаи Наврӯз буда, инсонҳоро ба сулҳу ҳамбастагӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистӣ роҳнамун месозад. Бо дахли ҷойгоҳи Наврӯз дар ташаккули фарҳанги мардумони ҳавзаи Наврӯз, хосса тоҷикон, Раъно Бобоҷониён афзуд, ки Наврӯз шоҳсутуни тамаддуни инсоният буда, дар рушд ва ташаккули арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик нақши арзишманд гузоштааст.
Зикр шуд, ки бо соҳибистиқлол гардидани кишварамон ҷашни Наврӯз дар саросари Тоҷикистон дар сатҳи баланд сарҷамъомона зери фазои сулҳу осоиштагӣ таҷлил гардида, аз ҳамдилию ҳамбастагии мардуми сарзаминамон пайк мерасонад. Маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни Наврӯз дар солҳои соҳибистиқлолӣ шукӯҳи тоза гирифт. Ин аст, ки ҳамасола дар яке аз минтақаҳои мамлакат ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ботантана таҷлил мегардад. Рисолати Наврӯз тарғиби сулҳу амонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва ҳамбастагист, зеро Қатъномае, ки Созмони Милали Муттаҳид барои ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз қабул намуд, «Фарҳанги сулҳ» унвон гардида буд.
Зеварой Бобоева сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромад намуда, таъкид дошт, ки ҳар сол бо омадани Наврӯз табиат аз нав зинда мешавад, сарди бартараф мешавад, дарахтон гул мекунанд ва ҳаво гарм мешавад. Ин воқеаи табиати зинда ҳамчун рамзи эҳёи умед, оғоз ва тозагӣ дар зиндагии инсон қабул шудааст. Дар таърихи фарҳанги форсӣ ва тоҷикӣ Наврӯз яке аз муҳимтарин нишонаҳои эҳтиром ба табиат, қадршиносӣ ба кӯҳаниву суннат ва устувории арзишҳои маънавӣ ба шумор меравад.
Дар ин рӯзҳо мардум ба ҳамдигар меҳрубонӣ нишон медиҳанд, гузаштаро ба хотир меоранд ва дилҳоеро, ки шояд бо сабабе ранҷонида буданд, бо бахшиш ва меҳрубонӣ таскин медиҳанд. Ин раванд на танҳо муҳити иҷтимоиро гарм мекунад, балки ҳисси иттиҳод ва дӯстии байни мардумро низ мустаҳкам месозад.
Дар ҷараёни кори конфрон омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ Рухшонахон Эргашева дар мавзуъи" Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон ", Маҳбуба Ашрафбоева таҳти унвони " Наврӯз шукуфоии ҳаёт, зебоии табиат ва неъмати саломатӣ '" ва Шаҳлохон Угланова дар мавзӯи " Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Зикр шуд, ки Наврӯз моро водор мекунад, ки ҳасад, кина ва ғамро канор гузорем ва ба ояндаи дурахшон умед дошта бошем. Ҳар як амал, аз ҷумла шодии мардум ва ҳар як табассуми табиат моро ёдрас мекунад, ки зиндагӣ бо дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зеботар ва арзишмандтар аст.
Бинобар ин, Наврӯз танҳо иди сол нест, балки ҷашни инсонгароӣ, пайвандгари дилҳо ва рамзи умеди инсоният мебошад. Моро водор мекунад, ки бо ҳамдигар дӯстӣ кунем, кумак расонем ва муҳаббатро паҳн намоем, яъне маънии аслии Наврӯз тантанаи умед, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббати инсонӣ мебошад.
Яке аз рамзҳои Наврӯз ин тозагии муҳити хонадон ва табиати зист мебошад. Аз ин рӯ, мардуми мо одатан хонаҳоро тозаву озода мекунанд, дастархонҳоро бо хӯрокҳои анъанавӣ оро медиҳанд ва оилаҳоро сарҷамъ меоранд. Ин амалҳо на танҳо рамзи тозагӣ, балки нишондиҳандаи эҳтиром ба ҳамдигар ва ба атрофиён мебошад. Ҳар хӯрок ва ҳар дастархон рамзи оромию якдилиро дорад ва инсонро водор месозад, ки кинаву адоватро фаромӯш кунад.
Декани факултети кори момодоягӣ Замира Ҳомидова конфронсро натиҷагирӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки Наврӯз ҳамчун пайвандгари дилҳо мардумро водор менамояд, ки зиндагиро бо дӯстӣ, бахшиш ва муҳаббат пур кунанд. Ин ид ба ҳар кас имкон медиҳад, ки нафрат ва кинаро фаромӯш намуда, ба ояндаи нек ва пур аз умед нигоҳ кунад.Наврӯз танҳо оғози соли нав нест. Он ҷашни умед, тозагӣ ва дӯстии инсонӣ мебошад. Ин ид моро ба қадри табиат, қадршиносӣ ба ҳамдигар ва эҳтироми суннатҳо водор мекунад. Ҳар сол бо омадани Наврӯз дилҳо наздиктар мешаванд, ғам ва нофаҳмӣ фаромӯш мегардад ва ҷомеа бо меҳру муҳаббат ва дӯстӣ пур мешавад. Дар ҳақиқат, Наврӯз пайвандгари дилҳо ва рамзи дӯстӣ ва ҳамбастагии инсоният мебошад.
Барномаи фарҳангии наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







