(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шўъбаю бахшҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, бахшҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода нахуст таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба корҳои омодагӣ ба таҷлили бошукуҳи Наврўзи байналмилал, аз ҷумла омода намудани иншооти ҷашнӣ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав буда, ба ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи Замин табдил ёфтааст. Мақоми он дар фарҳанги тоҷик ва ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. Ин ҷашни аҷдодии мо шукуҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату Замин, неруи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкорию накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ин ягон боду газанди рӯзгору зарбаҳои таърих натавонист Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси онро аз байн барад.
Истиқлоли Тоҷикистони азиз ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки заминаи ваҳдати миллӣ устувор гашта, урфу одат, расму ойини миллии ниёгон ва арзишҳои муқаддаси аҷдодиамон дар симои Наврӯз дубора эҳё гардида, ба тамоми оламиён муаррифӣ ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёбанд. Ин паёми нек ба шоирону адибони муосири мо барои эҷоди шеъру чакидаҳои наву рангин илҳоми тоза бахшид.
Зикр гардид, ки фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст. Аз ҷумла, обод намудани кўчаву хиёбонҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, тозаву озода гардонидани хонаву кошона, хиёбону маҳалҳои зист ва дигар амалҳои ободонӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва мунаввар гардонидани шаҳри бостонии Хуҷанд равона намоем.
Фирдавс Шарифзода ба муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, масъулини кўчаву хиёбонҳо ва раисони маҳаллаҳо дастур дод, ки корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва дарахтшинонию гулзоркуниро вусъат бахшида, намои зоҳирии маҳаллаву кўчаҳоро ба фазои идона мубаддал гардонанд. Ба масъулини дахлдор ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор кардани чорабиниҳои наврӯзӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Ҳамзамон масъулин ҷиҳати вусъат додани сабзкорӣ, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз, рангубори биноҳои баландошёна, мумфаршкунии роҳҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, саривақт гирифтани партов, роҳандозии кори муназзами хадамоти коммуналӣ ва ғайраҳо вазифагузорӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...