10 Март 2026
НЕРӮИ БУЗУРГИ ҚАЛАМ ВА ҚАЛАМКАШ
Собиқадорони соҳаи матбуот, рӯзноманигорон, аҳли қалам!
Мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 11-уми март Рӯзи таҷлили матбуот аст, ки ба ифтихори нашри нахустрӯзнома бо забони тоҷикӣ бо унвони «Бухорои шариф» пазируфта шудааст.
Дар ин рӯз дар қаламрави кишвари маҳбубамон бо мақсади рӯ овардан ба таърихи матбуот, эътирофи қадри сухан чун нерӯи тавонои ҳидояткунандаи мардум ба сӯйи фардои босаодат, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик таҷлил мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси матбуот ва дигар расонаҳои хабарии кишвар изҳори назар карда гуфтаанд, ки “ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад”. Ва афзудаанд, ки “Имрўз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд”.
Воқеан, воситаҳои ахбори омма - рӯзномаву нашрия, маҷаллаву китоб, телевизиону радио, шабакаҳои гуногуни Интернет имрӯз беш аз ҳама чун расонандаи маълумоти навтарин ба мардум аз рӯйдодҳои шаҳру кишвар ва олам муҳимият доранд ва хидмати шоиста низ ба ҷо оварда истодаанд. Яъне “табъу нашр силоҳи муҳими таъсиррасон ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар қиёс кард”. Ва матбуотро ҳокимияти чаҳорум низ мегӯянд, ки исботи гуфтаҳои болост.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар матбуоти тоҷик рушду такомул ёфта, ба хотири пешрафту шукуфоии диёри азизамон ва мардуми сарбаланди он софдилонаю содиқона хизмат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.
Имрӯз фазои иттилоотии шаҳрро дар баробари раоснаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ, ҳамзамон нашрияи “Тирози ҷаҳон”, Сайти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд дар расонаи интернетии Фейсбук, ширкатҳои телевизион ва радиои “Азия”, “СМ1”, “7 ситора”, “Танин”, “Диёр”, “Пайванд”, “Шаҳри ман”, “Тироз” ва амсоли онҳо пур мекунанд.
Боварии комил дорам, ки имрӯз ва минбаъд низ рӯзноманигорон бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳри ҳамешабаҳори Хуҷандро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, хосатан, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегузоранд.
Имсол халқи тоҷик ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бо шиори “Соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ки аз Паёми Пешво бармеояд, заҳмат мекашад. Барои инъикоси дастоварду пешравиҳои соҳоти гуногун албатта, хидмати софдилонаи қаламкашон муҳим аст.
Рӯзноманигорони ватандӯст, қаламкашони соҳибдил!
Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуот аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шодбод гуфта, бароятон тандурустии комил, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаатон ба хотири ғановати фазои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдату ҳамгироӣ, сулҳу амният, ватану ватандорӣ, истиқлолу пешравӣ ва раҳнамоии ҳар сокини ватан ба меҳнати созанда дастовардҳои нав ба нав орзу мекунам.
Рӯзи гиромидошти қаламкаш ва матбуоти тоҷик муборак!







