07 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Бо дастури роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар масъулини шуъбачаи БДА ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд иқдоми тақдими гулу туҳфаҳо ба бонувони ронанда ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз ҳисоби ҷинси латифро роҳандозӣ намуданд.
Чорабинии мазкур зери шиори “ Зан – Модар арзандаи эҳтиром аст” баргузор гардида, гувоҳӣ аз он мебошад, ки қадру қиммати зан ва эҳтироми ӯ дар ҷомеа мавқеъи хос дорад.
Таҷлили Рӯзи Модар дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи мақомотҳои давлатӣ ба ҳаёту фаолияти занҳо ин пеш аз ҳама эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯ мебошад.
Нозирони бозрасӣ дар рафти хизматбарӣ бо чеҳраи кушод ва суханҳои табрикотӣ занҳоро бо армуғонҳои идона пешвоз гирифтанд. Зеро Рӯзи Модарон рӯзест, ки ҳар як шахс бо амалу рафтор муҳаббати худро нисбати Зан – Модар баён медоард.
Таъкид шуд, ки дар ин рӯз ҳар як зан бояд эҳсос кунад, ки натанҳо барои наздикон балки барои аҳли ҷомеа фарди арзишманд аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







