07 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар литсейи инноватсионии “Ҷавонӣ”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи модар ҳамоиши идона баргузор шуд.
Хонандагон бо таҳияи барномаи композитсионӣ доир ба нақши модар, бузургии зан дар ҷомеа ва хидмати фарзанда ба модар шеъру суруд ва саҳнаҳои ҷолиб ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Таъкид шуд, ки мо, фарзандон чӣ қадаре, ки ба модар хизмат накунем, ҳатто якшаба ранҷи шабзиндадориҳои ӯро ҷуброн карда наметавонем. Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.
Зикр гардид, ки модар худ рамзи меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат ва ҳусну тароват эътироф гардидааст ва ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ борҳо зикр кардаанд, ки “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”. Воқеан, модарон офарандагони зиндагиянд ва бо иродатмандию фидокорӣ ҳаёти мо -фарзандонро сафо мебахшанду аз ҳар хатар эмин нигаҳ медоранд. Эҳтироми модар, хидмату арҷгузорӣ ба ӯ ва поси хотири ӯро нигоҳ доштан аз умдатарин фазилатҳои ҳар як фарзанди шоистаю асил аст.
Зиндагии мо ба шарофати модар, бо дуои неки ӯ ва бо азму талоши ӯ фараҳбору пурнишот ва мунаввару нуронист. Ситоиши модар чун меҳру муҳаббати ӯ интиҳо надорад. Ҳастии мо, кору фаъолиятамон бидуни модар ва меҳрубонию ғамхорию дастурҳои ӯ имконнопазир аст.
Директори Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ"-и шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои филологӣ Сурайёхон Неъматзода кулли бонувонро бо Рӯзи модар сидқан табрику таҳният намуда, таъкид дошт, ки Модар муқаддастарин ва азизтарин шахс барои ҳар инсон мебошад. Ӯ сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи ҳаёт ва пояи устувори оила ба шумор меравад. Ҳар як инсон нахустин нафаси зиндагии худро дар оғӯши гарми модар эҳсос мекунад ва маҳз бо меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва сабри ӯ ба воя мерасад. Аз ҳамин сабаб, дар тамоми ҷомеаҳо ва фарҳангҳо эҳтироми модар ҳамчун арзиши волои инсонӣ эътироф гардидааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







