(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ бо фараҳу шодмонӣ ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони “Зиндагӣ аз Модар сарчашма мегирад” баргузор шуд.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд н.и.т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо Рӯзи модар самимона таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки бо арҷгузории самимона ва эҳтирому эътиқоди баланд ба хираду заковат ва бузургии шумо – модарону бонувони иззатманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд».
Воқеан Модар шахси азизу муқаддас, офарандаи ҳаёт, зеби замин, зеби само ва зеби замон буда, гармию самимият, муҳаббату садоқат, ғамхорию меҳрубонӣ дар рӯзгорамон аз ӯст. Модарон бо дастони пурмеҳри хеш ниҳоли меҳру мухаббат, садоқату рафокат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанду қалбашон ҳамеша баҳри оромиву осудагӣ ва пойдории оилаву ҷомеа ва давлат бо меҳр метапад.
Бузургдошти Рўзи Модар дар кишвари маҳбубамон аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Амирҷон Нурзода гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати аввалиндараҷа равона намудаанд. Интишори фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабули даҳҳо барномаву стратегияҳои давлатӣ, таъсиси квотаҳо барои духтарони навоҳии дурдаст, грантҳои президентӣ намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдшиносии онҳо мебошад.
Дар партави таваҷҷўҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат имрўз занону бонувон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, сохторҳои давлативу ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дарки масъулияти баланд фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки модарони тоҷик дар ҳама давру замон фарзандони бонангу номус, ҷасуру шуҷоъ, оқилу хирадманд, содиқу фидокор ва номбардори асили миллатро ба дунё овардаанд, онҳоро дар оғӯши гарму нарм ва саршор аз меҳр ба камол расонида, барои хизмати шоиста ба халқу Ватан ҳидоят менамоянд.
Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Дар ситоиши зан- модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.
Таъкид шуд, ки занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ низ собит намуданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, соҳаи кишоварзӣ маорифу тандурустӣ таҷрибаву маҳорат ва малакаву қобилияти баланд доранд. Дар ҳақиқат модари озоду солим ва донишманду соҳибмаърифат сарчашмаи хонаи обод, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодкор ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад.
Амирҷон Нурзода зикр намуд, ки соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Яъне ҳар чӣ қадар, ки духтарон ва занону бонувон босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба масъалаи эҳтироми Зан – Модар таваҷҷўҳ намуда, аз ҷумла таъкид сохтаанд: “Ба нақши Зан – Модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ў насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
Арҷ гузоштан ба модар ва эҳтироми ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон мебошад. Зеро то ҷаҳон ҳаст, номи модар бо меҳру муҳаббат ҳамсаф хоҳад монд.
Дар анҷоми суханронии худ, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд н.и.т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон бонувон ва донишҷӯдухтаронро бори дигар бо Рӯзи модар-Иди баҳору шукуфоӣ, хуррамӣ ва нишот, ки оғози баҳори қалбҳост, таҳният гуфта, орзу намуд, ки ҳамеша тансиҳат бошанду баҳори шукуфарез барояшон ва аҳли оилаашон рўзҳои сабзу хуррам, саодатмандии бепоён ва ба зиндагиву фаъолиятатон сафову зиё ва нусрату шукўҳмандӣ ҳадя оварад.
Гулноз Тоҳириён шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баромад намуда, бонувони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки агар инсон дар зиндагӣ ба комёбиҳо ноил гардад, дар паси он заҳмати модар нуҳуфта аст. Зеро модар ҳамеша орзу мекунад, ки фарзандаш аз ӯ беҳтар зиндагӣ кунад, донишманд бошад ва ба ҷомеа нафъ расонад. Ӯ фарзандашро ба роҳи нек ҳидоят мекунад ва барои ояндаи ӯ дуо мекунад. Дуои модар яке аз қувваҳои бузургест, ки инсонро дар роҳи зиндагӣ ҳифз менамояд.
Меҳри модар муҳаббатест, ки ҳеҷ гоҳ кам намешавад. Ин муҳаббат шарт надорад, ҳадду канор надорад ва ҳамеша поку самимист. Модар метавонад бисёр чизҳоро аз даст диҳад, аммо муҳаббат ба фарзандро ҳаргиз аз даст намедиҳад. Ҳатто вақте фарзанд ба камол мерасад ва роҳи мустақили зиндагиро пеш мегирад, дили модар ҳамоно барои ӯ метапад.
Сипас, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд н.и.т. Нурзода Амирҷон Рӯзихон ба як қатор бонувон ва донишҷӯдухтарони фаъол сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстон дили бонувонро шоду масрур намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...