06 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки бонувони касбу кори гуногун чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модар баргузор шуд.
Чорабиниро Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ намуд.
Сипас, Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи модарро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, барои баланд бардоштани мақоми занон ва бонувону духтарони лаёқатманд мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Дар ин бора, дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат дар робита ба нақши занон, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».
Воқеан ҳам, модарону бонувон ганҷинаи бебаҳо мебошанд, ки тамоми меҳру муҳаббат ва умри азизи худро дар роҳи тарбияи фарзандони солиму солеҳ, босаводу соҳибмаърифат ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо равона месозанд.
Дар баробари ин, занону модарон дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат варзида, ба ин восита дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми шоиста мегузоранд.
Бо дарназардошти нақши офарандаву созандаи занону модарон давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳоро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст. Дар ин раванд бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҷиҳати аз ҳисоби занону духтарони болаёқат то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст”.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода низ кулли бонувонро ба муносибати Рўзи Модар табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар сарзамини маҳбубамон бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан – ҳамчун офарандаи ҳаёт бамаротиб боло рафта, имрўз занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ масъулияти муҳиму тақдирсозро бар дўш доранд.
Шоистаи таъкид аст, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳо, китобу рисолаҳо, маърузаву суханрониҳо ва мулоқотҳои хеш бо сокинони кишвар аҳли ҷомеаро водор месозанд, ки ба қадри қудрату заҳмат, донишу хирад ва нақши ҷаҳонсози зан-модар бирасанд.
Ин маънӣ дар афкори омўзандаи Сарвари хирадманди халқи тоҷик чунин ифода ёфтааст: «Имрўз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки, пеш аз ҳама, шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаю бунёдгари давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо мебошад».
Муҳаббати беинтиҳо ба модар ва гиромидошти шахсияти азизу муқаддаси ў он қадар дар вуҷуди поки Пешвои миллат маъво гирифтааст, ки бо фармони махсуси хеш аз 6-уми марти соли 2009 ҳамасола санаи 8-уми моҳи мартро «Рўзи модар» эълон намуданд.
Ин тадбир моро водор месозад, ки эҳтироми офарандагони ҳаёт, мураббиёни наслҳо, ҳидоятгарони кўдакону наврасон ва ҷавононро ба ҷо оварда, ҳамеша барои кору зиндагонии занон шароити мусоиду шоистаро фароҳам оварем. Мавриди зикр аст, ки бақою пойдории оила, тарбияи фарзандони хушахлоқу бомаърифат, худшиносу ватандўст, созандаву ободкор ва омодаву содиқ ба хизмати Ватан ба ҳастии занону модарон пайванди устувор дорад.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки модар на танҳо фарзандро ба зиндагӣ омода месозад, балки ўро ба дўст доштани сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият талқин мекунад. Маҳз модар аст, ки метавонад дар қалби фарзанд ҳисси масъулият нисбат ба Ватанро бедор намояд.
Шарафу эҳтиром ба чунин модароне, ки барои миллат фарзандони содиқ, ватандўст ва фидокор чун Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дунё овардааст, ки имрўз Тоҷикистон бо талошҳояшон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пешрафт дорад. Қадри модар баланд ва ҷойгоҳи ў дар ҷомеа муқаддас аст, зеро ояндаи давлату миллат аз тарбияи неки модарон сарчашма мегирад.
Ба равшанӣ эҳсос мешавад, ки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаб Аҳмадзода бо иродату баҳрамандӣ аз мактаби волои давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорию қадрдонии меҳнату фаъолияти судманди занону модарони вилоят иқдомҳои неку манфиатбахшро амалӣ мегардонанд.
Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доимо ба нерўи занону модарон такя намуда, саҳми онҳоро дар пешбурди соҳаҳои сиёсату роҳбарӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои ҳарбӣ, маорифу фарҳанг, тандурустию варзиш, саноату истеҳсолот, иқтисодиёту бонкдорӣ, савдою соҳибкорӣ, шаҳрдорӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоӣ арзандаву шоён арзёбӣ менамояд.
Шаҳрдор гуфт, ки мо ифтихорманд аз онем, ки дар тамоми марҳилаҳои соҳибистиқлолӣ занону модарон бо азму иродаи қавӣ ва ягонагии қавлу амал дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир қарор дошта, барои татбиқи рўзафзуни сиёсати ояндасози Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳбарияти Олии мамлакат, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва якпорчагии сарзамини биҳиштосоямон азму талош доранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки занону бонувон минбаъд низ барои рушду нумўи мамлакат, иттиҳоду ҳамдилии халқ, парафшон намудани парчами озодиву Истиқлол, амну осоиштагӣ ва ободию шукуфоии Ватани аҷдодӣ бо корномаҳои созанда намунаи ибрату пайравӣ хоҳанд буд.
Барномаи фарҳангии идона ба чорабинӣ ҳуни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







