06 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
ЗАН ВА БАҲОР – ДУ НЕРӮИ ЗИНДАГИОФАР
Модарону хоҳарон ва бонувони арҷманди ин шаҳри хуршедӣ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи Модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сидқан шодбош мегӯям. Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз доштаанд, ки “Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи Модар рамзи ҳамоиши ду нерӯи бузурги зиндагиофар аст. Зеро, агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад. Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, Модар ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст”.
Бале, зан –модар сарчашмаи музаффариятҳои аҳли башар аст. Мо дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ – 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодаем ва хуб медонем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид. Илова бар ин, ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул ва дар амал татбиқи худро ёфта истодааст.
Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносии фарзандон, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ хеле муассир аст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат рӯзи ҳаштуми мартро Рӯзи Модар эълом доштанд ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модарро нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон донистанд.
Чуноне Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор кардаанд, зан на танҳо модар ва танзимгари низоми хонавода, балки омӯзгор, мураббӣ, рӯзноманигор, табиб, муҳандис, ҳунарманд, кадбону, соҳибкор, хизматчии давлатӣ, ҳомии қонун, сарбози ватан, бинокор ва амсоли он мебошад, ки боиси ифтихор ва пешрафти ҷомеа мебошад
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва вазъи ноороми ҷаҳони муосир зарурате пеш овардааст, ки дар мавриди низоми оиладорӣ низ босубот бошем, фарзандонро аз гаравиш ва майл ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ эмин нигоҳ дорем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ононро ба таври шоиста тарбия намоем. Дар ин кор албатта, саҳму заҳмати зиёди модарони гиромӣ, устодон, омӯзгорону мураббиён бояд аз буда бештар бошад.
Дар ин рӯз ва ҳама рӯз мо ба занону бонувон сано мегӯем ва аз ҳастиашон меболем. Бо эҳтирому сипоси зиёд бори дигар кулли модарону бонувони ин шаҳри азизро шодбод мегӯем, барояшон офияти умр, зиндагии босаодат, хонаободӣ, хотири ҷамъ, дили саршор аз меҳру муҳаббат ва дар тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпарвар, хушахлоқу намунавӣ тавфиқу комёбиҳои зиёд орзу намуда, барои хидматҳои шоиставу шабзиндадориҳояшон сари таъзим фуруд меорем.
Рӯзи Модар - Рӯзи гиромидошти муҳаббатҳову заҳматҳои бешумори Модар муборак, ҳамватанони азиз!







