06 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар доираи таҷлил аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд чойхонаи “Сари санг” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ шуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки солҳои охир бо иқдоми шаҳрдорӣ ҷиҳати эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои шаҳр як қатор чойхонаҳо: "Қӯшҳавз", "Сари баланд", "Темурмалик", "Мевагул" "Қорираҳмат Қурбонов", "Абӯалӣ ибни Сино" ва ғайраҳо азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуданнд.
Айни ҳол дар маҳаллаҳои "Раззоқ", "Сари баландӣ" ва "Темурмалик" боз сохтмони 3 адад чойхонаи нави замонавӣ бомаром идома дорад.
Бунёди чунин марказҳои истироҳату фароғат, бахусус чойхонаҳо ва таъмини шароитҳои муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







