05 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Бахшида ба Рӯзи модар дар МТТ №40-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолӣ таҳти унвони “Модар-чаро-и нурбахшу сафобахши хонадон" баргузор гардид.
Дӯстрӯякон шеъру суруд ва гуфторҳоро доир ба зан ва модар бо маҳорати хуб ироа намуданд.
Маҳфил дар гуруҳи омодагӣ ба мактаб ва гуруҳи калон таҳти раҳнамоиҳои мураббиёни кӯдакистон Дилрабо Ахмедова ва Уркие Шарофаддинова баргузор шуд.
Таъкид шуд, ки дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басо неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат мебошад. Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.
Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, касе гуфта наметавонад. Он суханоне, ки ман аз модар шунидам, аз касе нашунидаам. Ҳар фарде, ки дуои неки падару модарро гирифта бошад, ҳаҷаш қабул аст. Вобаста ба ғамхорӣ дар ҳаққи волидон бояд баҳонаҳои «ман вақт надорам», «серкорам» набошад. Ҳамаи моро маҳз модар ҳаст кардааст, пайғамбар низ аз домони поки модар ба дунё омадааст».
Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамоянд: Зан – модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро худ ба дунё овардааст.
Иброз гардид, ки модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳӣ барои фарзанд аст. Ҳамзамон рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳувияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбияи фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву неруи тавонои офарандагии зан – модар бастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободию субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







