05 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз аҳли тарбиятгаирандагони МТТ №14-и шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии мураббияшон бахшида ба Рӯзи модар маҳфили идона баргузор намуданд.
Дар маҳфил аз ҷониби кӯдакон шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб дар васфи модар ва зан сароида шуд. Саҳнаҳои ҷолиб аз рӯзгори модарон намоиш дода шуд.
Таъкид шуд, ки Модар на танҳо фарзандро ба зиндагӣ омода месозад, балки ӯро ба дӯст доштани сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият талқин мекунад. Маҳз модар аст, ки метавонад дар қалби фарзанд ҳисси масъулият нисбат ба Ватанро бедор намояд.
Мо ифтихор дорем, ки Модари қаҳрамон ба миллати тоҷик чунин фарзанди фарзона — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намудааст, ки имрӯз Тоҷикистон бо талошҳояшон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушду пешрафт дорад.
Шарафу эҳтиром ба чунин модароне, ки барои миллат фарзандони содиқ, ватандӯст ва фидокор тарбия менамоянд. Қадри модар баланд ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа муқаддас аст, зеро ояндаи давлату миллат аз тарбияи неки модарон сарчашма мегирад.
Ҳамин тавр, модар на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки меъмори ояндаи миллат аст. Сатҳи маърифат, масъулият ва худогоҳии модарон мустақиман ба сифати насли оянда таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва дастгирии модар, баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа яке аз шартҳои муҳими рушди устувори мамлакат ба шумор меравад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







