05 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз аҳли тарбиятгирандагони МТТ №28-и шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии мураббияшон бахшида ба Рӯзи модар маҳфили идона таҳти унвони “Модар-сарчашмаи ҳаёт” оростанд.
Дар маҳфил аз ҷониби кӯдакон шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб дар васфи модар ва зан сароида шуд. Саҳнаҳои ҷолиб аз рӯзгори модарон намоиш дода шуд.
Таъкид шуд, ки бузургони илму адаб Зан - Модарро пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбият-кунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари суннату анъанаҳои ниёгон ва арзишҳои пурқиммати ҷо-меа донистаанд.
Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон – Наврўзи оламоро омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон бадал гаштаанд, зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд.
Дар тамоми таърихи тўлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рўҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан-модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст. Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинативу инсондўстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматписандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиамон саҳми шоиста доранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







