04 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ҳамохангсози муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд дар қисми ҳарбии 3501-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳамзамон миёни аҳолии шаҳр суҳбату вохӯриҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.
Мақсади асосии чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, инчунин ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар ҷараёни вохӯриҳо мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба иштирокчиён доир ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, аз ҷумла сурхча, гепатити А, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва дигар бемориҳои мавсимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, ба хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони шаҳри Хуҷанд тавсияҳои амалӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи дурусти оби нӯшокӣ, истеъмоли ғизои солим, тақвияти масуният ва сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тиббӣ дода шуд.
Чунин чорабиниҳои судманд дар оянда низ идома ёфта, ба беҳдошти саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо мусоидат хоҳанд намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







