04 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода бо ҳайати клуби футболи “Хуҷанд” баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз дастгириву таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии мамлакат ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол ёдовар гардид. Таъкид карда шуд, ки футбол яке аз намудҳои маъмули варзиш маҳсуб ёфта, бо таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Федератсияи футболи мамлакат ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода сол ба сол рушд ёфта истодааст.
Зимни баррасии вазъи кунунӣ Раиси шаҳр таъкид намуд, ки фаъолияти дастаи “Хуҷанд” бояд бознигарӣ шавад. Имконияти дастаи ‘Хуҷанд’ васеъ аст ва роҳбарият, мураббиён ва бозингарон бояд тамоми неруи худро барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд равона созанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсола ба ҳайати дастаи “Хуҷанд” 7 нафар бозингарони хориҷӣ аз кишварҳои Фаронса, Гурҷистон, Сербистон ҷалб карда шудаанд, ки метавонад нуфузи дастаро дар бозиҳои имсола баланд бардоранд.
Раиси шаҳр ба роҳбарияти клуб ва мураббиён дастур дод, ки машқу тамринҳо мунтазам ва бо сифати баланд гузаронида шуда, барои бозиҳои оянда омодагии ҷиддӣ дида шавад.
Фирдавс Шарифзода аз дастгирии сарпарастон ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамасола соҳибкорони бонангу номус дастаи “Хуҷанд”-ро дастгир менамоянд ва соли ҷорӣ низ чунин иқдом амалӣ карда мешавад.
Сипас аз тарафи як қатор, сарпарастон- соҳибкорон ба ҳайати клуби футболи “Хуҷанд” маблағҳои пулӣ тақдим крада шуд.
Ҳайати даста изҳор дошт, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарият ва ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







