03 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони як қатор шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Нахуст роҳбари вилоят таъкид дошт, ки бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ мунтазам афзоиш меёбад. Зикр шуд, ки натиҷаҳои бадастомада самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати содиқонаи мардуми вилоят мебошад.
Дар машварат таваҷҷуҳи асосӣ ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ ба ҷашнҳои фархунда, аз ҷумла Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ равона гардид. Қайд карда шуд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохтмони иншооти гуногун бо ҷалби соҳибкорону сокинон густариш ёфта, симои маҳалҳо рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад.
Раиси вилоят ба масъалаи омодагии пойгоҳҳои обрасонӣ ба мавсими кишти баҳорӣ, азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, риояи ҳатмии структураи кишт, иҷрои нақшаи кишти картошкаи барвақтӣ, бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ ва шинонидани ниҳолони ороишиву сояафкан таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ҳамзамон, риояи қатъии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ба роҳ мондани хатҳои нави истеҳсолӣ, бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади таҷлили шоистаи Наврӯзи байналмилалӣ масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва анҷоми амалҳои хайру савобро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Дар фарҷом Раиси вилоят барои иҷрои босифати вазифаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.







