02 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз дар доираи иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш либоси атласу адрас ва чакан ба бар намуда, дар ин иқдом фаъолона иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки он бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги бою пурғановати халқи тоҷик, тарғиби либосҳои миллӣ, худдорӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегонагон гузаронида шуд. Ба бар намудани либоси миллӣ ва тарғиби он байни аҳолӣ дар пешгирӣ намудани либоспӯшии баъзе занону духтароне, ки ба либос ва фарҳанги бегона тақлид менамоянд, таъсир мегузорад.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бо дахли ҳифзи фарҳангу тамаддуни миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳон чунин гуфтанд: «Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллӣ доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос менамуд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем».
Ҷоиз ба зикр аст, ки иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» давоми моҳҳои март ва апрел идома меёбад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







