(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, бо шароити хизматии кормандони милитсия аз наздик ошно шуданд.

Зимни мулоқот бо ҳайати шахсӣ Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ нақши калидӣ доранд.
Роҳбари вилоят иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи дастгириву пуштибониҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои фаъолияти шабонарӯзии кормандони мақомоти қудратӣ шароити мусоиди хизматӣ фароҳам оварда шуда, онҳо ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳр минбаъд низ ба савганди касбӣ содиқ монда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини оромии ҷомеа ва мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти ҷинояткорӣ тамоми донишу малака ва неруву тавони худро равона месозанд.
Дар доираи дастгирии моддиву техникии сохтор ба шуъбаи мазкур ду адад автомобили нави барқӣ тақдим гардид, ки ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр заминаи моддиву техникии милитсияи шаҳр таҳким ёфта, таъмиру таҷдиди утоқҳои корӣ марҳила ба марҳила идома дорад. Ҳамзамон, дар самти рақамикунонии фаъолияти милитсия истифодаи таҷҳизоти муосир, аз ҷумла низоми симошиносӣ ва харитаи электронии маъмурии шаҳр ҷорӣ гардида, барои қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.
Кормандони мақомоти милитсия дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки оромиву суботи ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳамеша таъмин карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...