02 Март 2026
Недоступен ни однин перевод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳамроҳии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва як қатор масъулини шаҳру вилоят бо мақсади огоҳӣ аз вазъи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия аз бозори марказии «Панҷшанбе» боздид намуданд.
Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фурӯши маҳсулоти гуногун, пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба нархи он намуда, аз масъулини дахлдор даъват ба амал овард, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархҳо танзим ва то ба қадри имкон поён оварда шавад.
Таъкид шуд, ки фаровоннамоии маҳсулоти бозор дар моҳи шарифи Рамазон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф пеш аз ҳама дастрасии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ба ҳама табақаҳои ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон 20-30 фисад арзон карда шавад. Ин иқдоми тоҷирон ба баракати савдо ва хонадони онҳо оварда мерасонад.
Раиси вилояти Суғд аз растаи биринҷфурӯшон ва дигар маҳсулоти донагӣ боздид намуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки барои зиёд намудани кишти биринҷҳои навъи аълои бозоргир тадбирҳо андешанд. Зимни суҳбат бо фурӯшандагони бозори «Панҷшанбе» Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вилоят дар самти таъмин амнияти озукаворӣ маълумот дода, даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани маҳсулот ва поён фаровардани нархи он саъй намоянд.
Раҷаб Аҳмадзода ҳамзамон аз вазъи нархи картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам низ ошно гардид.
Дар фароварди боздиди худ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз бозори марказии «Панҷшанбе» ба масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ доир ба тозагии бозор ва назорати сифати маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки бозор оинаи шаҳр аст ва сайёҳони дохилию хориҷӣ аз бозор боздид мекунанд ва он бояд ҳамеша тозаву ороста ва ободу зебо бошад.
Масъулини оташнишонӣ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна хавфу хатари сар задани ҳодисаи нохуши сӯхтор вазифадор карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







