28 Феврал 2026
Дар асоси супориши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо таъсиси гуруҳи корӣ дар ҳудуди бозори марказии “Панҷшанбе” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Гуруҳи корӣ иборат кормандони маркази санитарию эпидемологӣ, масъулини ободонӣ, милитсия ва дигар масъулин амал намуда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани бозор, бартараф намудани дӯконҳои ғайриқонунӣ, савдои кӯчагӣ, пешгирии садаманокӣ ва ҳолати сӯхтор, вазъи санитарӣ, маданияти бозордорӣ таваҷҷуҳ намуда, якчанд қонуншиканиҳоро ошкор ва ба масъулини дахлдор ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо доданд.
Аз тарафи масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд ба фурӯшандагон ҷиҳати пешгирии маҳсулоти зудвайроншаванда ва тибқи тартиби муайянгардида ба фурӯш гузоштани он дастурҳо дода шуд.
Ҳамчунин майдони регистони бозори марказии “Панҷшанбе” бо маҳлулҳои махсус тоза карда шуд.
Таъкид шуд, ки бозор инъикосгари маданияту фарҳангдории ҳар як шаҳр ва бозгӯяндаи вазъи зиндагии сокинон аст. Ин аст, ки ҳамеша ба вазъи босуботи бозор, ободонии атрофи он ва вазъи санитариш таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







