28 Феврал 2026
Субҳи имрӯз дар назди Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ва сокинон ба варзишу фаъолияти ҷисмонӣ, таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардии варзишӣ (терренкур) бо иштироки васеи аҳолии касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд доир шуд.
Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди варзиш ва татбиқи тарзи ҳаёти солим самти муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, барои таҳкими солимии ҷомеа ва тарбияи насли ватандӯст заминаи мусоид фароҳам овардааст. Иштирокчиён дар фазои дӯстӣ ва якдилӣ ба машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардии варзишӣ оғоз намуда, ин иқдоми солимгардонӣ бо рӯҳияи баланд ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ҷараён гирифт. Чорабинии мазкур бори дигар собит сохт, ки фаъолиятҳои оммавии варзишӣ воситаи муҳими таҳкими иттиҳоди ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ ва рушди қобилияти маънавию ҷисмонии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







