26 Феврал 2026
Санаи 25-уми феврали соли 2026 мулоқоти навбатии сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи "Мевағул"-и шаҳр баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки вохӯрӣ дар доираи иҷрои нақшаи муштараки рушди иҷтимоӣ ва тақвияти робита бо ҷомеа бо усули "Маҳал ба маҳал" ташкил шуда, ҷараёни он дар фазои озоду ошкоро сурат гирифт.
Дар мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Мунзифа Ҷабборӣ, мудири шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги МИҲД-и вилояти Суғд Мунир Мухторзода, мудири шуъбаи кор бо маҳалҳои дастгоҳи раиси шаҳр Мурод Раҷабов ва имом - хатиби масҷиди ҷомеи "Тақво" Аҳадхон Икромов иштирок ва баромад намуданд.
Мунзифа Ҷабборӣ зимни суханронӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии терроризму экстремизм, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспӯширо ба миён гузошта, ҳифзи анъана ва одатҳои миллиро вазифаи ҳар як шаҳрванди худшинос арзёбӣ кард.
Мухторзода Мунир дар баромади худ ба масъалаи ободонии Ватан, ҳифзи сулҳу суботи пойдор ва нақши ҳамбастагии миллӣ дар рушди ҷомеа изҳори ақида карда, зикр намуд, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ омили муҳими пешрафти кишвар мебошад.
Ходими дин Аҳадхон Икромов дар навбати худ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, риояи меъёрҳои иҷтимоӣ ва нақши дин дар таҳкими маънавиёти ҷомеа андешаҳои худро баён намуд.
Мулоқот дар шакли саволу ҷавоб идома ёфта, дар рафти он барои сокинон имкони мустақим иброз доштани фикру пешниҳодҳо фароҳам оварда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







