25 Феврал 2026
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ дар зеҳни кӯдакони хурдсол дар муассисаи томактабии “Шукуфаи истиқлол” машғулияти намунавӣ таҳти унвони “Табиатро эҳтиёт намоед” баргузор шуд, ки дар он намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва маъмурияти муасисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Дар машғулият аз тарафи мураббия ба хонандагон доир ба аҳамияти табиат, муносибат ба он ва роҳҳои ҳифзи он маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки одам бо табиат зинда аст, зеро табиати атроф сарчашмаи ҳаёт дар кураи Замин мебошад. Ба ғайр аз ин, табиат сарчашмаи асосии конеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавии хар як инсон ба шумор меравад. Табиати атрофе, ки моро ихота кардааст, барои хар як инсон муҳити ҳаётӣ ва манбаи аввалини зиндагии уст. Инсон ҳамчун як намуди биологӣ, табиӣ, физикӣ муҳтоҷи ҳавои тоза, оби ширин, набототу ҳайвоноти дилангез ва ҳарорати гарми табиӣ мебошад. Табиати атроф бошад, ҳамеша дар харакат аст. Мо медонем, ки таъсири ҷомеа ба табиат ногузир аст ва он дар натиҷаи инкишофи ҷомеа, зиёдшавии микдор ва ба моддаҳои мавриди истифодаи рӯзгор ба амал меояд. Инсон ба таъсир намудани худ метавонад, ки мувозинати умумии табиати атрофро тағйир дихад. Ҳавои ифлос ба саломатии инсон зарар мерасонад. Бинобар ин, тоза нигох доштани муҳити табии ва фазои яке аз вазифаҳои асосии ҳифзи табиат ба шумор меравад.
Намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба сатҳи баргузории чорабинӣ баҳои баланд дода, тарбиятгирандагонро барои иштироки фаъолонаашон дар машғулият қадршиносӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







