24 Февраль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар муассисаи таълимии томактабии №25-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Мураббияи сол» баргузор гардид, ки дар он 30 нафар мураббиён аз кўдакистонҳои шаҳр иштирок намуданд.
Довталабони озмун аз рӯйи шартҳои “Дониш ва маҳорати касбии мураббия” , “Ташкил ва баргузор намудани мизи мудаввар тибқи мавзуъи пешниҳодшуда” маҳорати хешро нишон доданд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Парвина Абдураҳмонова, мураббияи Муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон - 2025» ғолибият ба даст оварда, сазовори Ҷоми ғолиб, Диплом ва мукофоти пулии озмун ба маблағи 10 000 сомонӣ гардида буд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







